шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

МАЗМУНҲОИ ИҶТИМОӢ ВА МУҲТАВИЁТИ ДУНЯВӢ ДАР РУБОИЁТИ АБУСАИДИ АБУЛХАЙР

There are no translations available.

МАЗМУНҲОИ ИҶТИМОӢ ВА МУҲТАВИЁТИ ДУНЯВӢ
ДАР РУБОИЁТИ АБУСАИДИ АБУЛХАЙР
Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз ин тариқаи эҷоди бадеӣ барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазомини иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, динию мазҳабӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург камокон рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи бузурги донишмандон ва орифони суханвар рубоӣ ба сифати навъи асосии фаъолият эҷодӣ ва василаи изҳори завқу маром будааст (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.5). Ҳаким Умари Хайём аз ҷумлаи ин донишмандон маҳсуб меёбад, ки аз тариқи рубоисароӣ ҳикмату фалсафа, мушкилоти зиндагӣ ва воқеиёти давру замонро ифода намудааст.
Аз ҷумлаи сӯфиёни нахустине, ки тариқи рубоӣ ба ваъзу пандгӯйӣ пардохта, дар минбари мавъизоти динию орифона аз ин навъи маъмули адабӣ васеъ истифода кардааст, Шайх Абусаиди Абулхайр (967-1049) мебошад. Ҳанӯз соли 1986 адабиётшиноси варзидаи тоҷик, устод Худоӣ Шарифзода дар маҷмӯае бо ду хат (хатти кириллӣ ва форсӣ) рубоиёти Абусаиди Абулхайр, таронаҳои Боботоҳири Урён, рубоиёти Бобо Афзал ва Наҷмиддини Куброро, ки аз машоихи тасаввуфӣ маҳсуб меёбанд, гирдоварӣ намуда, манзури хонандагон гардонида буд. Дар он маҷмӯа 244 рубоии Шайх Абусаиди Абулхайр низ пешниҳод шудаанд, ки аз лиҳози мазмун ва мундариҷа ҷолиб ва хонданбобанд. Он солҳо ҷомеаи адабӣ ва мадании мо бо ин чеҳраҳои тобноки назми тасаввуфӣ кам ошно буд ва ба чоп расидани чунин маҷмӯае бо фарогирии рубоиёту дубайтиҳои намояндагони барҷастаи адабиёти тасаввуфӣ сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҷомеаро дар робита бо муаррифии афкори пешқадам ва гироишоти дунявии шоирони мутасаввифи асримиёнагӣ боло бурд (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. -207 с. ).
Рубиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубиёти ирфонӣ, иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбанд, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, Шайх Абусаиди Абулхайр, бо он ки як сӯфӣ ва орифи вораста буд, ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, Абусаиди Абулхайр инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор як навъ оптимистона менигарист. Дар ҳоле ки соири сӯфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳаммият қоил набуданд ва гӯшагирию инзивопарастиро ба унвони милок ва меъёри зиндагии сӯфиёна мепазируфтанд ва ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Шайх Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист. Ин аст, ки ӯро наметавон бо зумраи сӯфиёне, ки тарки дунё карда, инзиво ва гӯшанишиниро асли зиндагӣ талаққӣ намудаанд, шомил сохт. Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазомини иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.
Абусаиди Абулхайр, ҳарчанд ки ба лиҳози касбу ҳирфа сӯфӣ буд, дар рубоиёташ минҳайси як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ мисли Хайём аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеиёти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарпёдаш ба осмон мепечад, гоҳ аз шодии ишқ болу пар мегирад, гоҳ яъсу ноумедӣ ба кошонааш лона мегузорад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад, хулоса, Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили рӯҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ (пессимизм) бурдборона цад алам мекунад. Муҳимтар аз ҳама, афкори сӯфиёнаи Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ тавъам аст ва шоири сӯфӣ тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Нуктаи дигар ин аст, ки сӯфиёни бузург, ғолибан ба василаи тасаввуф ва андешаҳои сӯфиёна озодандешӣ мекарданд ва алайҳи ҷабру зулм ва хушкандешии мазҳабӣ қиём менамуданд. Абусаид аз ҷумлаи сӯфиёни аввалине буд, ки тавассути шеъру тарона, махсусан рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофоти мазҳабӣ мубориза кард.
Абусаид мисли Хайём (Мисраъҳои рубоии Хайём “Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб” дар назар аст) шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ,
В-онро ба намозу тоат обод кунӣ,
Рӯз ду ҳазор банда озод кунӣ,
Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 45).
Дарёфтани дил ва наозурдани он дар саргаҳи рубоиёт ва назариёти сӯфиёнаи Шайх Абусаиди Абулхайр қарор дорад. Шод намудани дил ва наозурдани дили инсонҳо аз гуманизми баланди шоири сӯфӣ дарак медиҳад. Ба ин рубоӣ таваҷҷуҳ мекунем:
То битвонӣ, бикаш, ба ҷон бори диле,
Мекӯш, ки то шавӣ зи дил ёри диле.
Озори диле маҷӯ, ки ногҳ кунӣ,
Кори ду ҷаҳон дар сари озори диле.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 44).
Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббатпарастӣ поя ва асли низмои дунявӣ ва шеваи дуняёмадорист. Абусаид ҳам аз ин зовия ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:
Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,
Бе лаъли ту орзуи Кавсар накунам.
Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,
Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 45).
Шӯри ишқ ҷуръати ва ҷасорати инсониро тавлид мекунад ва зиндагии одамиро маъно мебахшад. Ошиқ, ба назари Абусаид, касест, ки ҷуръат дорад, куфру имонро ба ҳам мезанад ва дар роҳи мақсуд аз касеву чизе ибо намеварзад:
Саҳл аст маро бар сари ханҷар будан,
Ё баҳри муроди хеш бе сар будан,
Ту омадаӣ, ки кофиреро бикушӣ,
Ғозӣ чу туӣ, хуш аст кофир будан.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 39).
Абусаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, тавъам ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,
Бар маркаби орзу савор ояд дил.
Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ
В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 32).
Огоҳона зистан ва бар мабнои шинохту огоҳӣ умрфарсоӣ карданро Абусаид тамҷид мекунад:
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.
Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна
З-инсон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 30).
Гоҳо Абусаид хайёмвор ба олам менигарад ва “маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд”-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:
Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,
Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.
Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,
Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 33).
Сӯфӣ мавзӯи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббуро мавриди интиқод қарор медиҳад:
Бо илм агар амал баробар гардад,
Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.
Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,
З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 17).
Абусаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ адёну мазоҳиб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазоҳибе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро (ноқуснавоз ва саҷҷоданишин, тасбеҳдору зуннормадор) ҳушдор медиҳад, ки:
Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,
Саҷҷоданишин агар зи ман карда канор,
Ман низ бар рағми ҳар ду андохтаам,
Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. 28).
Абусаид кеши ишқро аз соири дину мазоҳиб ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на арабист. Дар зимн, чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.
Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,
Пайғамбари ишқ на аҷам, на араб аст.
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С. </div>
	
	
		
	
</div>
<div class=
Print
PDF

"После пыток талибы повесили отца". Росполитик Дарья Митина рассказала историю своей

There are no translations available.

22.11.2021

За тем, что происходит в Афганистане и вокруг него, следит сегодня весь мир, в том числе очень многие люди в нашей стране. Но, пожалуй, мало кто следит так пристально, как Дарья Митина. Она достаточно известный человек: левый политик, этнолог, бывший депутат Госдумы. Но поскольку не всем известны детали биографии Дарьи Александровны, имеет смысл представить ее еще раз. Итак, знакомьтесь: Дарья Митина - внучка Мухаммеда Юсуфа, премьер-министра Королевства Афганистан в 1963–1965 годах.

Print
PDF

Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

There are no translations available.

Дарси таърих

Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност. Ў арбоби давлати, сиёси ва роҳбари Ҳизби демократии  халқи Афғонистон, замоне дипломат, сардори Хадамоти амнияти давлати, котиби генералии КМ ҲДХА буду25 сол пеш дар чунин рўзҳое дар Кобул аз сўйи Толибон ваҳшиёна кушта шуд (6.08.1947 – 27.09.1996).  Ў зодаи шаҳри Гардез буд ва замоне, ки ҳамаги 49 сол дошт, дар Кобул манзили охираташро пайдо кард. Ў охирин роҳбари таҳти ҳимоят ва дастнишондаи Иттиҳоди Шурави дар Афғонистон буд.

28 августи соли 1992 дар фурудгоҳи Кобул ҷанг идома дошт. Неруҳои ба ном муҷоҳид ҳавопаймоҳои боркаши русиро ҳадаф қарор дода, тир меандохтанд. Ин ҳавопаймоҳо барои бурдани кормандони Сафорати Русия омада буданд. Дар ҳамон рўз сафоратҳои дигар кишварҳо низ кормандонашонро аз ин кишвар берун бурданд. Тарафдорони Наҷибулло ва низоми дар гузашта ҷонибдори Шурави, ки аз ў ҳимоят мекард, қисме фирор ва бархе ҳам таслими неруҳои ба Кобул воридшудаи мухолифони давлат шуданд.

Фақат Наҷибулло ба ҷойе нарафт. Ўро намояндагии СММ зери ҳимоят гирифт ва дарбинои худ дар Кобул ҳаққи паноҳандаги дод. «Доктор Наҷиб»- он гунае ки дар матбуот аз вай ном мебурданд, то замоне, ки қотилон ба дунболаш наомаданд,дар ин бино мезист. Ин роҳбари Афғонистон яке аз омўзиш ва тарбиядидаҳои низоми Шурави буд, вале дар оғози давраи ҳукумати аввали Толибон ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Даврони роҳбарии ўро бо гузашти вақт бисёре аз афғонҳо дар муқоиса бо замони роҳбарии дигар ҳокимони Афғонистон як даври тилоии кишварашон медонанд, ки бешак воқеият ҳам дорад.

Артиши 40-уми Шурави дар охири соли 1979 вориди хоки Афғонистон шуда, Ҳафизулло Аминро, ки 8 октябри ҳамон сол Нурмуҳаммад  Тараки, Котиби генералии ҲДХА-ро кушта, худ ба роҳбарии ин ҳизб ва курсии сарварии Афғонистон нишаста буд, ба қатл расонида, намояндаи дигари ин ҳизб аз фраксияи парчам - Бобрак Кормалро ба курсии роҳбари шинонд.  Аммо таҷовузи Шурави ва бо омадани роҳбари нав ҷанг дар Афғонистон хатм нашуда, баръакс муқовимат бо  қувваҳои мусаллаҳи тарафдори вай ва низомиёни Шуравии воридшуда ба хоки ин кишвар бештар авҷ гирифт.

Аз байн панҷ сол гузашт, аммо поёни ҷангу хунрези маълум набуд. Ба ин сабаб, мақомоти Кремл  дар пайи иваз кардани Кормал ба нафари дигаре шуданд.  Он замон Наҷибулло - сардори Хадамоти давлатии иттилоот ҳанўз  40 –сола ҳам набуд ва шояд фикри роҳбари ба як ҳизб ва сарвари кишвар шуданро ҳам ба сар надошт. Зеро ба ҳизб барои вазифа не, балки эътиқоди устувор ба ормонҳои инқилоби демократи ба манзури сохтани як низоми ҳоми аз ҳуқуқу озодиҳои тўдаҳои мардум ва ормонҳои баланди инсони пайваста буд.

Шоҳидон мегўянд, ў пешниҳоди роҳбари Афғонистон шуданро борҳо рад карда буд, вале зери фишори мушовиронаш аз Москва ноилоҷ қабул кардааст.

Соли 1992 Наҷибулло дар намояндагии СММ паноҳандаги гирифт. Дар ин миён, Кобулро муҷоҳидон тақсим ва баробари ишғоли пойтахт бо якдигар ҷангро оғоз карданд.

Маълум шуд, Наҷибулло, ки Ғарб ўро то он вақт диктатор меномид, дар асл бо ростқавли кўшидааст бо ҳама аҳди сулҳ бандад, аҳзоби мухолифро қонуни кунад, онҳоро ба ҳукумат роҳ диҳад, аммо ин ҳама барои гурўҳакҳои ришдори аз кўҳҳо фаромада кифоя набуд. Бо ин сабаб,демократтарин пешвои Афғонистон ҳам аз қудрат барканор шуда, мухолифони мусаллаҳба қудрат расида, кишварро ба минтақаҳо тақсим ва дар ҳар яке низоми диктатурии хоси ҳамон маҳалро ҷори карданд.

Кашмакаши ин неруҳо муддати 4 сол давом кард, Наҷибулло, ки аз саҳнаи сиёси берун рафта буд, фақат дар кунҷи хотираҳо монд, то вақте ки соли 1996 неруе бо номи Толибон ба Кобул нарасид. Роҳбарони муҷоҳидони бо ҳам дар набард илоҷе ба ҷуз ба ихтиёри онҳо гузоштани Кобулу дигар минтақаҳои Афғонистон надоштанд. Толибон аз ҳамон оғози таъсис иборат аз ҷавонони душман ба ҳар гуна дастоварду таҳаввулоти илмию фарҳанги, ки гуфта мешавад, устодони покистони ва амрикои дар тўли солҳо дар зеҳнашон ворид намуда, онҳоро бо эҳсоси нафрат ба ҳар падидаи низоми дуняви, ки  тўли солҳо дар Афғонистон шакл гирифта буд, тарбия кардаанд. Пас аз хуруҷи неруҳои Шурави, ҷонибдорони ин низом дар асл ба ҳоли худ гузошта шуданд. Ҳаюлое бо номи Толибон дар ҳамон сол вориди Кобул шуду пирўзиашро эълон кард ва ҳукумати онҳо то рўзе давом дошт, ки 11 сентябри соли 2001 дар Ню -Йорк ҳамлае боистифода аз 4 ҳавопаймои мусофирбар ба манораҳои Маркази тиҷорати ҷаҳони сурат нагирифт.

Ҳамон неруе, ки баъдтар дар ин ҳамлаи террористи гунаҳкор ва бадном шуд,  соли1996 ба Кобул омад. Барои саркардаҳои ин ҷунбиш  роҳбарони гурўҳҳои пешинаи муҷоҳидон, ки ҳар яке зери парчами созмоне боистифода аз вожаи исломи амал мекарданд, дар амри риоя ва иҷрои шариати исломи аз ҳад зиёд муътадил ва амалҳояшон ғайриисломи буд. Бо сабаби дарки пайомадҳои нохуб роҳбарони гурўҳҳое, ки 4 сол пеш фотеҳона ва бо шўру валвала вориди пойтахт шуданд, ҳар ки ба ҳар сў гурехт.

Фақат доктор Наҷиб - охирин сарвари як кишвари муттаҳиди аз сўйи онҳо аз мақомаш  барканоршуда,дар паноҳгоҳи худ-бинои намояндагии СММ дар Кобул бимонд.

Дар гузоришҳои  марбути ин давра омадааст, ки ростгўтарин  аз раҳбарони муҷоҳидон - Аҳмадшоҳи Масъуд замони аз шаҳр берун бурдани неруҳояш ўро ба якҷоя рафтан даъват кард, аммо Наҷибулло ин пешниҳодро напазирфт. Ў шояд намехост дар ҷои нав гаравгон шавад ё то охирин лаҳзаҳо шояд бовар ва умедвори дошт, ки Толибон (ки мисли ў, аз қавми паштун ҳастанд ) ба ў кордор намешаванд ва раҳмаш мекунанд. Аммо чунин нашуд. Толибон ба мақоми  дахлнопазирии дипломатии намояндагии СММ буданаш ҳам эътибор надоданд. Аҷал дар либоси Толибон шаб ба ҷустуҷўяш омад ва қотилон ўро бо бародараш Аҳмадзай ягона шахси ҳамроҳаш дастгир карданд. Наҷибулло, ки як марди ҷисман қави буд, бебокона ба сўйи қотилон шитофт, ҳатто тавонист яке аз онҳоро халъи силоҳ кунад, аммо неруҳо нобаробар буд. Толибон Муҳаммад ва Аҳмадзайро баста, аз бинои намояндагии СММ берун бурданд ва чанд соат бераҳмона азобашон доданд. Ҳамин неруҳои акнун бори дигар дар Афғонистон ба қудратрасида буданд, ки президенти пешини Афғонистонро аз пойҳояш дар пушти мошин баста, мисли сайди шикоршуда рўйи замин овезон то аламашонро баровардан, дар ҷодаҳои шаҳр ба ҳар сўе кашиданд. Сипас,ҷасади харобшудаи Наҷибро дар яке аз хиёбонҳои Кобул ба сутуни чароғаки роҳ овезон карданд ва он чанд рўз нишоне аз бераҳмии ин ҷунбиш дар пойтахти Афғонистон буд.

Сарнавишти шахсе, ки то охирин соати дар қудрат будан, аз сулҳ ва ваҳдати қавмҳои афғон сухан мегуфт, бо ин фоҷеа ба поён расид. Дар рўзҳои 25-солагии маргаш дар интернет навори суханрониаш дар ҷаласае гузошта шуд. Аз рўйи мазмун он марбути соли охири роҳбариаш аст. Барои дарки эҳсосот ва самимияте, ки дар паём ҳаст, онро бо садои худи ин шахсияти сиёсии Афғонистон бояд шунид. Аммо бовар дорам, матни он ҳам барои ошнои бо авзои он рўзҳо ва шинохти рўйдодҳои имрўзи Афғонистон аз аҳамият холи нест.

Аз паёми Наҷибулло ба сарони қавму миллиятҳо:

«…Ва гуфтанд, ки Шуравиҳо ба инҷо омаданд, мо ҷиҳод кардем. Шурави биравад, ҷангро хатм мекунем. Инак Шуравиҳо аз кишвар рухсат шуданд (вале муқовимат, ҷангу хунрезиҳо идома дорад)…

Барои ман дар хатҳо навишта буданд, ки афғонияти худро ба анҷом бирасон.  Боз мо ҳам қавли афғонияти худро ба ту метем (медиҳем) Ма, ки қавли афғонияти худро анҷом додем, ҳоло куҷо шуд қавли афғонияти инҳо? Хуб, Шуравиҳо ҳам (аз Афғонистон) баромаданд. Ҳоли саволи сеюм матраҳ аст, ки Наҷиб ин чавкиро барои мо ило бита. Ҳар вақте чавкиро ило кард, ана ҳамон рўз сулҳ меояд.

Ҳуб, бародарони азиз, пас ин кулли ҷанг ба зарфи 11 сол, ки яку ним миллиюн кушта дод, як миллиюну 300 ҳазор маълулу захми гузошт, ин ҳама ба хотири як курси буд? Хуб, ин ҳамаро аз аввал мегуфтед.

Барои ман савол  пайдо меша, барои шумо ҳам ин савол пайдо шава, роҷеъ ба салоҳияти ин сарони танзимҳо (гурўҳҳо) як саволияи калон бигзорем. Чанд рўз қабл яке аз сарони ин танзимҳо гуфт (фаҳмидам, ки аз роҳи дигар натавонистанд қудратро бигиранд, на Ҷалолободро гирифтанд, на Хустро гирифтанд, на Қандаҳорро гирифтанд, на кадом ҷойи дигарро ба даст наоварданд), ҳоло даст дароз карданд, ба тарафи ки? Ба тарафи Шуравиҳо. Аз Шуравиҳо яке аз сарони танзимҳо тақозо мекунад, ки Наҷибро бихоҳед, шояд дар ахбор ҳам шунида бошед, ки аз Наҷиб бихоҳед чавкиро ило бикуна, ба мо ин қудратро таслим кун. Қазовати инро ба шумо месупорем.

Бо ман музокира намекунанд, ки ин дастнишондаи Шуравист, тарафдори Шуравист, вале худ даст дароз мекунанд, аз унҳо гадои  мекунанд, қудрат мехоҳанд. Мегўянд, моро ба курси биншон ба ҷойи Наҷиб. Аз қавли худи эшон, аз дўстони ғарби ҳам чунин тақозо кардаанд, то онҳоро ба қудрат расонанд. Ина ҳоли қазовата ба шумо месупорем.

Кобул, пойтахти кишвари шумо ҳам ҳаст, ҳоло пойтахтатонро  ба хок яксон насозед ва мардуми онро ба зери поятон ба қатлу қитол – кушторҳои бераҳмона ва пур аз қасоват нобуд накунед. Заминаи музокирот бо қумондонҳо ва давлат омода гардад. Ман тақозо мекунум, ки ҳами қумондонҳоро (бо даъват) аз тариқи радио ва телевизион… замонат мекунум, ҳеҷ гапе воқеъ намешавад. Ҷаҳон онҳоро мешунавад, мардуми афғон инро хоҳад шунид, агар мўйи сари яке худое нахоста, кам шава, дар ин ҷо бадноми таърих мешам,  ма сиёсати худро бадном намекунум, ки оштиро эъдом карда бошум, мисли он нафароне, ки дар таърих ба мардум қасам ёд мекарданд ва Қуръон имзо мекарданд, вале боз мардумро мехостанд ва инҷо мекуштанд.

Бо замонат инҷо биёянд, бо эҳтироми музокирот оянд. Муҳим нест, ки ба натиҷае, тасмиме бирасем, мо таслими онҳоро намехоҳем, намегўем, ки силоҳ ба замин бигзоред. Барои мусолимат оянд, ба ҳайси як нерўи бо мо мусови (баробари мо) менишинанд ва суҳбат мекунанд. На ба хотири онки биёянду узрхоҳи карда бошанд, ҳеҷ!

Ба сари масоиливатанию мардумии худ суҳбат мекунем, ки чи масъулиятҳои бузургу азими таърихи дар ин даврони ҳассосу душвор ва мусибатбори пур аз ғаму андуҳи мардуми Афғонистон бар уҳдаи мо гузошта шудааст. Биёянд,маслиҳат мекунем, ки дар чунин як маҷлис ё ҷойи дигар зону ба зону менишинему суҳбат мекунем, ки роҳи мушилиро пайдо бикунем. На танҳо бо иртиботи онҳо, балки дар иртибот ба ҷамъии масоили куллии ватани, дар иртибот ба Ҳукумати марказиву ҳукуматҳоимаҳалли дар ҳар вилоят,дар умуми кишвар суҳбат анҷом медиҳем. Ин аст назариёти ман, кадомаш ба зиёни шумост, худое нахоста? Кадом яке обрўю иззати шуморо поин меорад? Кадоме ба хайри саломати шумо нест?

Бо иҷрои ин гапҳо бадномии мо ба хости Худо нек мешавад, агар на, бори осмонро болои шонаҳоям бигзоред, ман барои бардоштанаш ҳозир ҳастум.

Ҳидояту дастурро бояд мардум бита, на ҳуком, салотин ва  подшоҳҳо.  Шояд фикр мекунанд,мардуми афғон вуҷуд надошта бошад? Барои ман, арзишу қимати лаълу ҷавоҳиру лоҷуварду зевару зинати ин ватан, шумо  мардуми ман ҳастед. Аз и хотир, то ҷое, ки ба ман вазифа ва масуният мегузоред, умедвор ҳастум, ки аз иҷрои ин вазоиф дар ин лаҳазоти хатир ва душвор берун бароюм ва хидмати шуморо анҷом дода бошум.

Азизу дилбанду фарзанди худро аз байн бурдан, ба ғаму андуҳ ва нолаву фарёди мардум ва модарон ҳукумат кардан ва дар охираш бигўем, ки мо ҷиҳод кардем, мо ҷангро бурдем, пирўз шудем? Ман намегўм, ки байни мо саломату маломате вуҷуд надорад. Магар вақте  мо Шуравиро гуфтем, ки аз ин ҷо берун биравад, пас ту ҳам покистониро иҷозат нате дигар, арабиро иҷозат надеҳ инҷо, ҷенероли америкои, мушовири америкоиро бо худ инҷо набиёр. Мешинем, бо ҳам зону ба зону музокира мекунем.  Ё ту маломат меши, ё ман. Агар ма, руфақои ма ва ҳизби ман маломат шаванд, ҳозир ба ҳар гуна сарзаниш ва тавба ҳастем. Агар дигарон маломат шаванд, бояд чунин кореро кунанд.

Агар инро ҳам намехоҳед, сари тамоми кудуратҳо ва душманиҳо санги бузург мегузорем, барои ин ки боло кардани кудурату ҳисобу мубоҳисот ҷанги моро ҳаллу фасл  намекунад. Аз сари нав бар сари сулҳу сафову самимият хидмати якдигар мекунем то хидматгори мардуми худ бошем.

Ю. Солеҳ

 

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2195
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6509
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта15030
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8366
mod_vvisit_counterҲамин моҳ31141
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта31238
mod_vvisit_counterҲамагӣ4491089

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.