Мулло Абдураҳими Кулобӣ Кабириро ба суҳбати як ба як даъват намуд (Навор)
There are no translations available.
Ман домулло Абдураҳими Кулобӣ, декани факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломӣ ҳастам, аз расонаҳои хабари вақте, ки шунавидам бисёр террористҳо, экстремистҳое, ки хоини миллат буданд Ватанро вайрон карданд, ҳар гапҳои пасту баланд дар бораи давлат, дар бораи Пешвои миллат, дар бораи сохти конститутсионии давлат гапҳои беҳудаву нодуруст гуфтанд, виҷдонам маро намонду хестаму аз Тоҷикистон ба
Read more...
Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»
There are no translations available.
Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ— Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов мебошанд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд, ки аз ҷои ҳодиса дидан намуд, муноқишаи мазкур бар асари оғози сохтмони ғайриқонунии марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии байни ду маҳалла – Баҳори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақсади Ҷумҳурии Қирғизистон ва эътирози мардуми маҳаллаи Баҳор ба вуқӯъ пайвастааст.





















