Вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилотҳои буҷетӣ
“Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ,
худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ раҳнамоӣ намоем.
Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати мо дар дасти онҳост.”
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Санаи 24 майи солори ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол аз тарафи намояндагони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо кормандони корхонаву роҳбарони ташкилотҳои буҷетии шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода, намояндагони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Назриён В. ва Қодирҷонзода А. иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қаблан раиси шаҳр Худойназар Амонзода меҳмононро муаррифӣ намуда, зикр намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳои машваратӣ муфид буда, чорабинии мазкур низ дар ростои чӣ гуна ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба роҳ монда шудааст.
Парвози ҳавопаймоҳо байни Эрону Тоҷикистон барқарор шуд.
Парвози нахустини ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе, парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эронро баъди “танаффус”-и ҳаштмоҳа барқарор кард.
Ҳавопаймои “Боинг 737 500”-и ин ширкат рӯзи 6-уми июн тақрибан 90 мусофирро аз Эрон ба Тоҷикистон овард ва даҳҳо мусофири дигарро аз Душанбе ба Машҳад бурд.
Дар миёни мусофироне, ки ба Эрон сафар карданд, аъзои тими мунтахаби футболи хурди Тоҷикистон ҳам буданд. Ин тим барои ширкат дар қаҳрамонии футзали Осиё ба шаҳри Табрези Эрон рафт.
Намояндагони ширкат мусофирони нахустин парвози худро аз Машҳад ба Душанбе ва ҳамин тавр аз Душанбе ба Машҳад бо гулу ширинӣ гусел кардаанд.
Абдуризо Муҳаммадӣ, намояндаи ширкати "Вориш Эйрлайнз" дар Тоҷикистон гуфт, нахустин парвози ҳавопаймои онҳо аз ҳар ду самт ғайриинтизор бо шумораи зиёди мусофирон анҷом шуд. “Интизор доштем, ки 40-50 нафар ҷамъ мешавад. Вале тақрибан 80 дарсади ҷойи нишаст пур шуд. Хеле истиқболи хуб аст. Ба ин тартиб ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе як парвоз мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Мусофироне, ки бо ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе расиданд, аз барқарор шудани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ибрози хушҳолӣ карданд.
Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад
Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.






















