Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост
Имрӯз дар маҳаллаи Табошари куҳна ва маҳаллаи Истиқлолияти шаҳри Истиқлол Рӯзи ягонаи ахбор доир гардид, ки дар он устодони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилоят ширкат варзиданд.
Тарғиботчиён рафти вохӯрӣ бо аҳолӣ доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар самти беҳбудии шароити зисти мардум, таъмин будани фазои оромӣ дар ҷомеа,ки бо талошҳои ватанпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки фарзандонро барои омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намоянд. Рафти вохӯрӣ доир ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар тарғиботчиён баромад намуданд.
Махсусан аз волидайн талаб карда шуд, ки ҷиҳати назорати ҷиддӣ ба рафтори фарзандон, алалхусус фарзандоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд кӯшиш намоянд то ба ҳизбҳои ифротӣ шомил нашаванд.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид
Санаи 21-уми феврали соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии умумишаҳрии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ташкил гардид, ки дар он Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ширкат намуда, сокинонро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас табрик намуданд.
Сипас аз ҷониби Раиси шаҳр ва меҳмон ба 11 нафар фаъолони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони қисми низомии 3501 Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъдан барномаи консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони шаҳр омода шуда буд пешкаши нишастагон гардонида шуд.
Ҳамон рӯз аз ҷониби Раиси шаҳр Худойназар Амонзода якчанд маъюбони ҷанги Афғонистон аёдат карда шуда, зимни аёдат таъкид гардид, ки ин иқдомҳо оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Дар қисми низомии 3501 низ Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи МИҲД-и вилоят Озифхон Шарифзода ташриф оварда сарбозону афсаронро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфтанд. Дастурхони идона ва барномаи консертӣ низ барои болидарӯҳии сарбозон низ ташкил шуда буд.
"Корвони саломатӣ" дар шаҳри Истиқлол
Имрӯз "Корвони саломатӣ" ба шаҳри Истиқлол ташриф оварда, дар ин иқдом зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр таҳлилҳои ройгон супорида маслиҳатҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа дода шуд. Инчунин 50 нафар сокинон ройгон аз тести бемории ВНМО гузаштанд. Лозим ба қайд аст, ки чунин иқдом барои солимии ҷомеа муфид буда, ташкили ин маъракаи муҳим саривақтист.























