ЁДЕ АЗ РОДМАРДИ ГУЛШАНИ АДАБ
There are no translations available.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.
Read more...
Профессори турк: «Миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»
There are no translations available.
ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум иштирокдорон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои «исломӣ» ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан гуфтанд.
Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид
There are no translations available.
ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.






















