Афкори вопасгаро ва даъвои бузург (дар иртибот ба навиштаи Зафари Суфї “Тољикистони обод ва озод”)
Навиштаҳои Зафари Суфӣ, ки идаъо мекунад ва худро яке аз “мушкилкушоён”и ҷомеаи тоҷик арзёбӣ мекунад, ба ҷуз аз чаранду ёвагӯӣ чизи дигаре нест. Ин нафар яке аз ҳампоягони гуруҳҳои беҳувияту худбохтаест, ки ба осиёи бегонагон об мерезад ва чархаи онро гардиш медиҳад. Ин нафар аз ҳамон зумраест, ки ба хотири чанд фулуси бегонагон миллату давлати хешро таҳқир мекунанд ва ҳама арзишҳои миллиро пушти по задаанд. Ин “мушкилшинос”-и мушкилэҷодкун аз масъалаи асосӣ ҳамеша мегурезад ва мушкилро бар сари дигарон ҳавола мекунад. Зоҳиран ин гуруҳ ҳамеша худро ҳақ меҳисобанд ва дигаронро ботил. Зеро инҳо дастур иҷро мекунанд ва айнаки бинишҳои инҳо якранг аст.
Озмуни "Чакомаи гесӯ" дар шаҳри Истиқлол баргузор шуд
Бо мақсади ҷалби бонувон ба ҳунарҳои миллӣ, алалхусус ба зебоипарастӣ дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Фестивал-озмуни "Чакомаи гесӯ" ташкил гардид. Дар озмун зиёда аз 100 нафар гулдухтарон ширкат намуданд.
Тибқи Низомнома фестивал аз се бахш иборат буд, ки ин шартҳо
1. Ороиш ва муйбофии қадима дар доираи расму ойинҳои миллӣ, саршӯёну арусбарон, муйбофону зулфандозӣ ва дигар расму ойинҳо бо либосҳои хоси маҳал.
2. Таровати муй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо истифода аз фалак, шакшмақом бадеҳахонӣ.
3. Ороиш ва муйбофии замони муосирро дар бар гирифт.
Аз рӯи ҳар се шарт аз тарафи аъзоёни ҳакамон ба 9 нафар гулдухтарони фаъол дипломҳои дараҷаи 3,2,1 ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуд.
Баргузории озмуни "Дастархоноройӣ" дар шаҳри Истиқлол
Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол озмуни "Дастархонороӣ" ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он сокинони шаҳр бо мақсади пешниҳоди таомҳои лазиз ва шакли дастурхоноройии миллии беҳтарин ширкат намуданд.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин чорабинӣ 7 иштирокчиён аз гушаву канори шаҳр ширкат варзида, ба се нафар ширкаткунандагони фаъол диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Таъкид бояд кард, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани завқи сокинон, алалхусус ҷавондухтарон ба ҳунари кадбонуйӣ мусоидат хоҳад кард.