АЪМОЛИ БЕШАРМОНА ВА НОМУВАФФАҚОНАИ ТТЭ ҲНИ. Дар ин бора дар мусоҳибааш ба рӯзномаи «Имрӯз News» профессор Зикриё Акрамӣ изҳори назар кардааст
ДУШАНБЕ, 22.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба фаъолияти муғризонаи ТТЭ ҲНИ ва тавтиаангезиву туҳматпароканиҳои роҳбариятуаъзои он мухбири рӯзномаи «Имрӯз News» Довуд Исматӣ бо Зикриё Акрамӣ, доктори илмҳои таърих, профессор суҳбат доир намудааст. Матни онро дар зер бознашр менамоем.
ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ: ПОЁНИ ФИЛМ Шарҳи Ҳафт аломати фано ёфтани ТТ ҲНИ
Як қатор коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҷамъбасти соли 2018 онро соли хотима ё завол ёфтани яке аз мудҳиштарин ҳаракатҳои экстремистию террористии минтақа, яъне ҳизби наҳзати исломӣ номиданд. Нигоҳе ба ҳодисаҳои соли гузашта нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат, ТТ ҲНИ дар тўли ин сол охирин талошҳои худро барои исботи мавҷудияташ нишон дода, қадам ба қадам аз байн рафт. Бо вуҷуди кўшишҳои зиёди хоҷагонаш ин ташкилоти экстремистӣ ба партовгоҳи амиқи таърих андохта шуд.
Хиёнати миллӣ (Қисса дар бораи босмачибозии наҳзатӣ)
Дар китоби рӯймизии ҳар тоҷики оқил «Маснавии маънавӣ» омадааст: «Эй бародар, барои он ки худро бишносӣ, ки аз кадом ҷинсӣ, хуб ҳастӣ ё бад, нигоҳ кун, ки ҷазби чӣ чиз мешавӣ ва ба сӯйи кӣ меравӣ ва аз суҳбати чӣ касе масрур мегардӣ ва хулоса бингар, ки бо кадом гурӯҳӣ». Ё ба иборати дигар:
Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,
Гар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ».






















