Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ
There are no translations available.
Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот оид ба зебогиву пешрафти кишвар сухан мегуфт. Нақл кард, ки ёд дорад аёми кӯдакӣ, ки ба солҳои аввали истиқлолият рост меомад, чи гуна зиндагии вазнин дошт, чи гуна роҳҳои душворгузару маргбор, чи гуна қаҳтиву гушнагӣ буд, чи гуна ҷангу одамкушиву бесарусомонӣ буд.... ба ёд меоварду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад ва ҳазорон маротиба шукри тинҷиву амонӣ ва ободиву гулгулшукуфии Ватан мекард. Аз ободии марказҳои ноҳияву шаҳрҳо, ободии кӯчаву шоҳроҳҳо, чароғонии доимии мамлакат сухан мегуфту, чун кӯдак хурсандӣ мекард.
Read more...
Наҳзатиҳо – қотилони зиёиён
There are no translations available.
Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд. Ҳарчанд халқи тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъияту ҳолатҳо гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои сарварону аъзоёни ТТЭ ҲНИ набуд. Аммо агар халқи тоҷик дар қарнҳои қаблӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони аҷнабӣ дучори ин гуна ҳолатҳо мегардид, дар замони аввали истиқлолият маҳз тавассути «ҷаҳд»-у «талош»-и нохудогоҳон, худбохтагон, аҷнабигароён ва девонамаобони наҳзатӣ, ки ҳамагӣ зодагони ин марзу бум буданд, ба гирдоби нооромию бадбахтӣ афтод.
Дидбони ҳуқуқи башар ё язнаи наҳзатиҳо
There are no translations available.
Дар қишлоқҷойҳои мо матале аст, ки мегӯянд, ки «к… и хуб ҳам қанат аст» . Дар намунаи наҳзатиҳо, дида мешавад, ки язнаи хуб Стив Свердлов ҳам барои наҳзатиҳои ғарбнишин қанат шудааст. Аниқтараш хонум Шабнам Худойдодова хуб ва бунёдӣ кӯшиш кардааст, язнамулло, ки дар маҳалҳои мо ба ҷойи хар аст, мушовиру муҳофизи наҳзат дар ин ташкилот шавад. Ҳар сол аз замоне ки ин язна аз давлати хонум ба ин мақом расидааст, бо гузориши сусту заъиф тавҳину таҳқирро ба миллат раво мебинад.






















