Вохӯриҳо бо сокинон дар шаҳри Истиқлол идома дорад
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси шаҳр аз санаи 14-уми январи соли равон бобати гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) санаи 15 январи соли 2019 дар маҳаллаи Табошари кӯҳна дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 вохӯрӣ бо сокинони ин маҳал ташкил ва гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳр А.Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ натиҷагирии дастовардҳои 27 соли истиқлолият, дарбаргирандаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии сокинони кишвар ба ҳисоб рафта, он дурнамои рушди иқтисодии кишвар ва нақшаи кории минбаъдаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Закон превыше всего
Прочитав статью на сайте «Ахбор.com» и «Радио Озоди» о событие произошедшем 13 января сего года в городе Хорог, я как житель города хотел бы сказать, что сказанное ими полная ложь, лишь потому, что я сам был свидетелем данного инцидента.
Дар Хоруғ чӣ мегузарад?
Дар бораи асли воқеаи 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, сокини ин шаҳр, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт:
- Соати 17:00 дар масири роҳи маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ (к.А.Аёмбеков), ронандаи мошини тамғаи «Кемри» - Худоёров Наврас Ифтихорович бо падараш Худоёров Ифтихор, истиқоматкунандагони м.Болнисени шаҳр дар ҳолати мастӣ, монеи ҳаракати қатори мошинҳои ҳарбӣ мешаванд. Ним соат онҳоро аз ҳаракат бозмедоранд. Новобаста, аз таъкидҳои такрории мардуми маҳаллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ин ҷавони бадмаст дар ҳузури падараш роҳро барои ҳаракат холӣ намекунад.






















