Он магасандешаҳо, он моли туст (дар посух ба матлаби ахири М. Садриддин)
There are no translations available.
Дар сомонаи наҳзатӣ матлаби яке аз фаъолони ҷинояткори ТТЭ ҲНИ М.Садриддин таҳти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор ёфт. Аз номгузории матлаби мазкур ҳувайдост, ки нависанда ба ҳамоишҳои сиёсие, ки ба Тоҷикистон марбутанд ва ба хотири таҳкими равобити сиёсию байнидавлатӣ созмон меёбанд, аслан ҳассосият дорад. Оид ба чанд нуқтаи ба қавли Мавлоно, «магасандеша»-ҳои М. Садриддин ба таври иҷмолӣ акидаи худро баён менамоем:
Read more...
Низоми давлатдорӣ ошӯбро омили бесуботӣ медонад (Ҷавоб ба пойгоҳи иттилоотии ҷангафзорҳо)
There are no translations available.
Тарзи тафаккури олами ҷиноӣ аз ашхоси солимфикр башиддат фарқ мекунад. Олами ҷиноӣ чӣ кадар вазъият ноором ва бесубот бошад, ҳамин қадар шароити мусоид барои қатлу роҳзанӣ пайдо мекунад. Тарзи тафаккури наҳзатиҳо, чузъи аввалунсури олами чиноятӣ аст. Наҳзат бо оромӣ душмани ашаддӣ мебошанд. Наҳзат бо субот рақобати оштинопазир аст. Тасаввур кунед, дар сурати сулҳу оромӣ, ин лаҷомгусехтагони завлонаҳои асримиёнагӣ, тавони пешниҳоди амалӣ ва созандеро надоранд, қобилияти сохтан ва бозсозии чомеаро наоранд. Танҳо мувосилат ба зӯрӣ ва даҳшат, фишанг ва ё ба ибораҳои муосир «бренд»-и наҳзат мебошад. Асосгузори қатлу ғорат баъд аз 70 соли шӯравӣ ба таври оммавӣ ҳамин наҳзат аст. Паём.нет бошад Паёмрасони марг ва тахрибкорӣ аст.
Наҳзатиҳо бо мурдаҳо ҳам дар ҷанганд
There are no translations available.
Даргузашти шоири тавоно ва маҳбуби тоҷик Бозор Собир, ки барои миллати мо талафоти бузургест, тамоми мардуми Тоҷикистон ва дӯстдорони илму адабро сахт андуҳгин кардааст. Нафарони зиёде бо воситаи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикони шоир изҳори тасаллият намудаанд. Аз тариқи телевизион изҳороти ҳамдардии Роҳбари давлат ба хонаводаи Бозор Собир ва супориш дар бораи ташкили маросими дафни марҳум пахш гардид.