Ҷавоб ба дурӯғпардоз ва косалеси бериё М.Салимпул
There are no translations available.
«Гови бешир садояш баланд аст», мегуфтанд дар урфият. Хабарнигоре ки аз бекорӣ ва пархошгарӣ, сомонаи зиддимиллӣ сомон дода, хабарнигор худаш, таҳиягар худаш, бастакор худаш ва наворбардор худаш мебошад, ба манбаъ ва сарчашмаи истисноии кизбу дурӯғ дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Мисли он сарояндаест, ки хонанда худаш, дар рақс худаш ва дар авҷ ҳам худаш бошад. Пештар кӯдаконро бо аҷинаву дев метарсонданд. Ҳоло бо ахбори М.Салимпул- Ахбори сомонаи каҷраваш атфоли гурезпойро бими медиҳанд. Ахбор.ком мутародифи минбари душманон шудааст. Салимпул, дастовези наҳзат ва СПИИ аст. СПИИ, яъне Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. Пулхӯри наҳзат аст.
Read more...
Салимпул, сулолаи нави хабарнигории дурӯғбоф
There are no translations available.
Дар воқеаи ахири Хоруғ ҳамаро М.Салимпул гуфт, вале чун танаффури азалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, нагуфт ки духтари Мазориев Хурсандро то сарҳади марг узви ГМҶ расонид. Нагуфт ки мудирияти волои ҳукуматдорӣ ва асолати миллист, ки боз чархбол таъмин карданд, то бемор муолиҷаи муносиб бигирад. Вале чун ба ҳадафҳои каҷманишаш рост меояд, овоза пароканд, ки ГМҶ дар Душанбе вохӯрдааст.
Нусхабардори ахбори дурӯғ - risolattj.com
There are no translations available.
Сомонаи «рисолат», ки рисолати паҳн кардани ахбори дурӯғро дорад, навиштааст «Нооромӣ дар Хоруғ ба далели боздошти бародари Боқир». Ва айнан иттилооти сомонаи падари дурӯғгӯён–ахбор.ком-ро беислоҳ ва каму кост рӯбардор карда, ба мардум расонидааст. Ин бархӯрдро дар муҳити журналистон, шармандагӣ мегӯянд. Плагиат мегӯянд. Дуздии ҳаққи захмати муаллиф мегӯянд.





















