Сатре, ки ту дорӣ, ба яқин моли риё аст (чанд ҷумла андар риёкориҳои расонаии навбатӣ)
There are no translations available.
Сомонаи Паём, ки муддатҳост дар сафаҳоташ хурофоту ҷаҳолат, риёву ғараз ва кинаву адоватро ҷо медиҳад, ба ҷуз таассубу беҳувиятӣ чизи дигаре дар қолаби «Паём» ба хонандагон ба армуғон намеоварад. Ин дафъа пойгоҳи наҳзатии «Паём.нет» ба масъалаи барои наҳзат ва армияи бузурги хурофотиёни динӣ – «ҳиҷоб» таваҷҷуҳ намуда, назари ба истилоҳ, коршиносонашро дар робита бо баррасии дастури манъи ҳиҷобдорон ба муассисаҳои давлатӣ пурсидааст. Яке аз коршиносони наҳзатӣ Абдуманон Шералиев бо шунидани суол яку якбора шӯрида, гӯиё аз эҳсосоти динӣ-мазҳабии мардум дифоъ мекарда бошад, ба зиддимардумӣ будани чунин навъи тасмимоти мақомоти давлатӣ ишора намудааст. Акнун бармегардем ба масъалаи «ҳиҷоб», ки тору пуди фалсафаи хурофотиёни мазҳабиро ташкил медиҳад. Ҳиҷоб, аз назари психологӣ, як навъ символи муқовимат ва иддао алайҳи беҳиҷобон ва мутаносибан бединон талаққӣ мешавад. Ҳиҷобдор ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба дигарон, махсусан занону духтарони беҳиҷоб даъвии покдоманӣ ва иффатдорӣ пеш меоварад ва риёкорона ба намоиш гузоштани тарзи ҳиҷобпӯшиаш бо худии худ як навъ эътирози иҷтимоӣ аст. Ин нуқтаи назари равоншиносӣ аст ва мо аз худ дар ин замина чизе илова намекунем ва фақат символикаи ҳиҷобро, ки дар худ нафрату бадбиниро ба дигар ҳамнавъони беҳиҷоб меғунҷонад, баён медорем. Аз ин ҷост, ки мақомоти давлатӣ сари ин масъалаи ҳассос ва дар айни замон хатарзо чораандешӣ мекунанд, то сатҳи баланди риёкорӣ ва хурофишавиро миёни занон коҳиш бидиҳанд. Агар давлат ва мақомоти зиддахли давлатӣ чунин иқдомеро дар баробари ташаннуҷи падидаҳои таассубӣ амалӣ накунанд, пас, ба чӣ кор бояд машғул шаванд? Бишинанду манзараи ваҳшатзои риёкории сатрпӯшонро наззора кунанд ва ҳеҷ тасмиме нагиранд? Албатта, барои ин гурӯҳи «коршиносон» бетасмимӣ ва беамалӣ дар баробари нуфузи хурофоту таассуби мазҳабӣ чун обу ҳаво зарур аст, то ҷаҳолати саросарӣ дар мамлакат ҳукмфармо гардаду оқибат ноамнию бесуботӣ ва кашмакашу даргириҳои мазҳабӣ ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳазорсолаҳо ақиб бубарад. Аз тарафи дигар, ҳодисаи ҳиҷобпӯшии риёкоронаи занону духтарони мусулмонро дар Фаронса, ки чанд сол қабл ба вуқӯъ пайваста буд, ба хотир биёваред, ки боиси баҳсу даргириҳои гарме дар ҷомеаи франсавӣ шуд ва охируламр ҳиҷобпӯшии риёкоронаро манъ кард. Чунки дар пай даъво дошт ва ин навъи иддаоҳо ҷомеаи мадании Фаронсаро водошт, ки алайҳи худнамоӣ ва риёкории мусалмонзанҳои ҳиҷобпӯш бишӯранд ва вазъро то андозае ором намоянд.
Read more...
Баoси сатри исломӣ дар меoвари мабоoиси расонаӣ (посух ба матлаби С. Истаравшанӣ)
There are no translations available.
Сайидюнус ахиран ба мавзӯи oассоси сатр ва тасмими ахири мақомоти марбутаи давлатии Тоҷикистон дар заминаи мамнуъулвуруд будани занону бонувони сатрпӯш ба вазоратхонаю идораoои давлатӣ иртибот гирифта(матлабашро бо номи «Ваҷҳи муштараки Отатурк, Ризошоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон» дар пойгоoи иттилоотии «Кимиёи саодат» ба нашр расондааст), аз тариқи сангандозӣ сӯйи раoбарони давлатoои дунявӣ бартарии биниши маoдуди мазoабиро бар ҷаoонбинии дунявӣ арз медорад ва дар симои се шахсияти матраoи сиёсӣ – Мустафо Камол Отатурк, Ризошоoи Паoлавӣ ва Эмомалӣ Раoмон дунявипарастиро дар қолаби зоoирпарастӣ ғунҷоиш дода, фаъолияти дунявии ин се лидери сиёсиро мавриди интиқод қарор медиoад. Бо чанд ҷумла ба баррасии матлаби ин динмадор мепардозем:
Қотилони абармард қотилони фарҳангу адабиётанд
There are no translations available.
Қатлу куштори равшанфикрону зиёиёни кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ низ барои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба як амри маъмулӣ табдил ёфта буд. Бо супориши кишварҳои маълум дар ин муддат шахсиятҳои бузурге ба монанди Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо тани дигар, ки ҳамчун зиёиёни воқеӣ дар ҷомеа шинохта мешуданду монеи низоъҳои дохилӣ буданд, нобуд карда шуданд.























