Муроҷиатномаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд вобаста ба оғози фасли зимистон
Фасли зимистон гарчанде яке аз фаслҳои зебои сол бошад ҳам ба худ қоидаҳои махсусро дорад. Хусусиятҳои асосии зимистон ин боридани барф, яхбандӣ ва сардии ҳаво мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҳангоми боридани барф дар доманакўҳҳо хавфи фаромадани тарма ба миён омада, ҳаракат дар роҳҳои мошингард мураккаб мегардад. Мутаасифона аҳолӣ нисбати оқибатҳои даҳшатноки ин фасл беаҳамиятӣ зоҳир намуда, қоидаҳои оддитарини бехатарии худ ва дигаронро риоя намекунанд. Роҳҳои кўҳӣ, ки айни ҳол барфпўш ва душворгузар мебошанд, аз ронандагон эҳтиёткориро тақозо менамоянд. Чунин як ҳолати ногувор, ки дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд бо мусибати калон анҷом ёфт, ба ронандагон як ҳушдорест барои эҳтиёткорӣ. Инчунин аз ҳодисаҳое, ки соли гузашта бо ҳалокати одамон анҷом ёфтанд, ҳар як ронандаро водор месозад то хулосаҳои зарурӣ бароранд. Аз ин хотир зарур аст, ки ҳангоми ба сафар баромадан бо роҳҳои куҳӣ ва душворгузар воситаи нақлиёт бо воситаҳои зарўрӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, мусофирон бо худ маводҳои хўрока ва либоси гарм дошта бошанд, чунки дар ин гуна роҳҳо эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои ғайричашмдошт имконпазир мебошад.
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2
Гирдиҳамоӣ - навъе аз эътироз ва як расм дар Аврупост. Дар Олмон танҳо кофист, ки ба идораи политсия номае бинависӣ ва замону макони гирдиҳамоиро муъайян бинамоӣ. Дигар ҳеҷ.
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад
Боиси ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо дар давоми се моҳи охир дар кишвари мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи олӣ, саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) гардид.























