Ҳушдор ба шаҳрвандони муқими Аврупо (Митингбозӣ роҳи ҳалли масъала нест)
Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба митинг даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд аст: ТЭТ ҲНИ.
Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳандадиҳандаи Германия, бо ин роҳ такмил кунанд, зеро қонунгузории кишвари иқомат дар робита ба муҳоҷирон тақвият ёфта, ҳиҷрати бесару нуг дар шаҳрҳои асосӣ манъ карда мешавад.Эъломияи матбуотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ)
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ҳамдиёрони гиромӣ мерасонад, ки 10-уми декабри соли 2018, соати 10 ба вақти маҳаллӣ, гирдиҳамоии ҳамҷинсгароёни тоҷики муқими Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин баргузор мегардад.
Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки фавран ҳуқуқҳои моро мавриди баррасию қабул қарор дода, тамоми сокинони ҷумҳуриро даъват ба эҳтирому арҷгузорӣ нисбати ҳайсияти мо созанд.ВОЙ БАР ЊОЛИ РОСТГЎЙИВУ ЊАЌИЌАТНИГОРЇ!
Мусоњибаи ба ном як тан аз њомиёни њуќуќи башар ва кўдак Шабнам Худойдодова дар сомонаи ифротии Сайидюнуси наҳзатї зери сарлавњаи пурњангомаи «Ҳимоят аз ҳуқуқи кўдакон, барои ман дар дараљаи аввал қарор дорад» нашр шуд. Воќеан, тамоми мусоњибаю матолиби нањзатї ва ба ном мухолифинї тањти сарлавњањои њангомабарангез интишор меёбанд. Мусоњиба кўтоњ аст, аммо дар ин мусоњибаи кўтоњ бону Шабнам хеле дурўѓ гуфта ва дурўѓ парокандааст. Ба посухњои ў дар чанд нуќта тавзењот манзур месозем: