Додољон Атовуллоев ҳақиқатро баён мекунад
Дар сомонаи иғвобарангез ва ифротии “Ахборком” мақолае бо номи “Як бому ду ҳавои Додоҷон Атовуллоев” нашр гардидааст, ки аз бадхоҳӣ ва душманӣ варзидани роҳбару масъулони ин расонаи хабарӣ ба Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Зеро баръало маълум аст, ки аз мақолаҳои ахири Додоҷон Атовуллоев, ки ТТЭ ҲНИ-ро мавриди танқид қарор додааст ва сирри наҳзатиҳоро фош кардааст, хеле нороҳатанд. Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарону кормандони сомонаи “Ахборком” ҳаммаслаки наҳзатиҳои террорист ҳастанд.
МУСУЛМОНИИ КАБИРӢ ДУРӮҒ АСТ
Тӯли чанд соли охир раванди бо суръат фурӯпошии нащзатищо ба таври чашмрас мушоҳида мешавад. Иттиҳоди мухолифони тоҷик, ки қаблан намояндагони аксари аҳзобу гурӯҳҳои мухталифи мухолифонро ҳадди ақал ба таври зоҳирӣ муттаҳид мекард, солҳои баъдӣ дар заминаи ихтилофҳои дохилии худ, яъне бархурдҳои байниҳизбиву байнигурӯҳии ИНОТ шурӯъ ба фурӯпошӣ кард. Аз ин буд, ки Кабирӣ ба хотири аз даст нарафтани мавқеи ҳизби худ, яъне ТТЭ ҲНИ ва дар назари сарпарастони бурунмарзии хеш ҳамчун нерӯи асосиву тамаркуздиҳандаи Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷилва додани он дар паи дигарбора сарҷамъ кардани гурӯҳҳои сиёсие шуд, ки бо Ҳукумати кишвар ихтилофи назар доштанд.
Митинбозиҳои оппозитсия
Оппозитсия дар Тоҷикистон калимаи номатлуб ва ғайриқобили қабул аст. Суннати нобихради вайронро, ки митинбозӣ мегӯянд, оппозитсия ривоҷ дод. Ҷанги шаҳрвандиро оғозгар ва таҳрикгараш оппозитсия буд. Нахустин гурӯҳҳои ғайримасъули ҷангиро оппозитсия аввал дар дохил ва баъдан дар хориҷи кишвар таъсис дод.
Чун ҳунари созандагӣ надоранд, он чӣ ки ба ботину зоҳири онҳо рост аст, ҳамин митингбозӣ мебошад. Садоҳо мерасанд, ки оппозитсияи фирорӣ ҳамчун усули асосии мубориза боз ба роҳпаймоиву тазоҳурот даст заданист. Он ҳам дар хориҷи кишвар.