Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард
18:22 16.11.2018 https://sputnik-tj.com/
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.
Тангаи ростмондаи раисиҷумҳур дар ҷояш истод ва ба самте ҳаракат накарду наҷунбид. Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ даст бардошту қарсак зад.Ба ваҷд омадам: ситоиши сиёсатмадори узбакистонӣ аз ифтитоҳи "Роғун" ба Эмомалӣ Раҳмон
Ба ваҷд омадам: ситоиши сиёсатмадори узбакистонӣ аз ифтитоҳи "Роғун" ба Эмомалӣ Раҳмон
20:43 19.11.2018 https://sputnik-tj.com/Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад, изҳор доштааст Исмоилов дар сӯҳбат бо раисҷумҳур
НОБ-И ТУРО БА ҶОВИДОН МЕСОЗЕМ
Вазифаи зиёии замона дар боби шоҳкориҳои санъатии роҳбару бинокорони барӯмандони имрӯзаи Меҳан, номбардорӣ ба иҷроиши корзори Роғун ва аҳди 8 сол пеш кардаи онҳост. Истеъдоди баланди гуруҳе аз забардастони НОБ-и Роғун шарафу истиқлолияти истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ба марҳалаи нави саъодат расонид. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки чархаи аввали НОБ-ро беист, доимо дар гардиш оварда, ҷомеъаро ба сӯйи зафарҳои тозаи иқтисодиву иҷтимой ҳаракат хоҳем дод. Мардуми муҳтарами тоҷик нурро полида, ба зинаи баланди некуаҳволии замонавӣ хоҳанд расид. Акнун шуҳрати истиқлолияти барқӣ барои мо Тоҷикон хизмат хоҳад кард. Бо забони неруманди зебоӣ, ҳамаи бинокорон ва ба хусус ба раҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташаккур дорам.






















