шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

Недоступен ни однин перевод.

Санаи 12 ноябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода ширкат доштанд.

Лозим ба қайд аст, ки дар ин курс 20 нафар ҷавонони фаъол аз корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо номнавис карда шуда, минбаъд дар дарсҳо, ки дар мавзӯҳои мубрами рӯз, алалхусус оид ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ матраҳ мешаванд фаъолони ширкат хоҳанд кард. Дар рафти сӯҳбат раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, рушди соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси корхонаҳои бузурги саноатӣ ва таъмини шароити арзанда барои зимни халқи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.

Қайд шуд, ки минбаъд соатҳои дарсӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, курсҳо натиҷабахш ташкил карда шаванд.

Печать
PDF

ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ШИНОХТИ САБАҚАҲОИ ТАЪРИХ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ОБОДИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Недоступен ни однин перевод.

Сулҳу озодӣ ва истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумияти ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Бахшида ба рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ занги аввал садо дод ва чун анъана ҷамъомади идона баргузор гардид, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ ва бо роҳнамуниҳои падаронаи Пешвои миллат ба насли ҷавон оғоз ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда, зикр намудаанд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем»

Печать
PDF

АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОЗАГӢ ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

Недоступен ни однин перевод.

Бахшида ба 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар якҷоягӣ бо фондҳои умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи ҷумҳуриявии тозагӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он беш аз 250 нафар ҷавонону наврасон ширкат варзида, дар кори аксия фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби наврасон ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист буд. Дар чорабинӣ ба наврасони фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Ошибка: Не выбраны статьи для показа

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз708
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1341
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9875
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13005
mod_vvisit_counterҲамин моҳ33858
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта37172
mod_vvisit_counterҲамагӣ5218803

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.