Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид
Санаи 17-уми июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии соҳоти мухталифи хоҷагии халқ дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух ширкат варзиданд.
Сараввал доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон муовини раиси шаҳр Н.Комилзода ҳисобот дод. Дар ҳисоботи хеш Комилзода Н., бобати вазъи иҷрои буҷет, хусусигардонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат ва энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаи илму маориф, тандурустиву кор бо занон ва оила, таъмини шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии оилаҳои камбизоату нафарони маъюбу эҳтиёҷманд, ятимону бепарастдорон, танзими расму оин ва дигар масъалаҳо муфассалан маълумот дод.
Қарори раиси шаҳр аз 18-уми июни соли 2018, таҳти №152 “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр”
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд №226 аз 30.05.2018 “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ва бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ моҳҳои июн- ноябри соли 2018 гузаронида шавад.
«Решаҳои ноаён» - баёнкунандаи афкори носолими наҳзатиҳо
Санаи 11 июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбии техникии шаҳр тамошои филми “Решаҳои ноаён” бо ҷалби 80 нафар хизматчиёни давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, қишрҳои фаъол, аҳли зиё ва ходимони дини шаҳри Истиқлол ташкил ва баргузор карда шуд, ки худ низ ширкат доштам.
Инсон пас аз тамошои филми мазкур хулосаҳои зарурӣ бароварда барои пешгирӣ намудани ҷавонону фарзандон аз ин вабои аср, яъне терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам вусъат мебахшад.