Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии шаҳр дидан кард
Субҳи 14-уми июли соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат аз рафти фаъолияти корхонаи металлургӣ дидан намуд. Рафти боздид дар яке золҳои нишасти корхона бо ҳайати маъмурият ҷаласаи фаврӣ аз ҷониби Бобозода Шавкат даъват карда шуд. Сараввал вазир аз ба роҳ намондани истеҳсолот дар корхона давоми 6 моҳи охир изҳори нигаронӣ намуда, бобати ҳалли муаммои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд. Дар бобати ҳалли муаммои об, ки корхона айни замон эҳтиёҷ дорад дастур дода шуд, ки дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили хати об ба корхона тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Кабирӣ аз ислом даст кашид, аммо боз ҳам касе ба ў бовар накард (Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?)
Кабирӣ аз ислом даст кашид,
аммо боз ҳам касе ба ў бовар накард
(Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?)
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шуд. Дар он раиси гурезаи наҳзат М.Кабирӣ як гурўҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кўшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи ў ва хоҷагонаш бори дигар шикаст хўрд.
Идомаи чунин талошҳо маънои онро дорад, ки мутаассифона, наҳзатиён ва пуштибонони онҳо иштибоҳоти фоҳиши худро, ки солҳои навадум боиси 150 ҳазор кушта, як миллион гуреза ва даҳҳо ҳазор ятиму бепарастор дар Тоҷикистон шуда буд, дарк накарда, дар пайи ислоҳи он нестанд. Баръакси ин, се соли ахир М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, бо истифода аз пуштибонии сиёсӣ, идеологӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии кишвари барои ҳама маълум ҷамъомадҳо доир карда, талош доранд, ки миёни ҷомеа ҷойгоҳ касб намоянд. ҷамъомади навбатии ТТЭ ҲНИ дар Дортмунди Олмон низ аз ҷумлаи талошҳои ҷон бахшидан ба ин ҷасади мурда буд, ки нобарор анҷомид. Барои шарҳи он шикасти наҳзатиҳо, чанд андешаи мушаххасро дар бораи ин нишаст баён медорем: