Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
Санаи 29 июни соли равон дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар зарфи қариб 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Эълон
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ишғоли мансабҳои холии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Истиклол барои ишғол намудани ҷойи холии маъмурӣ озмун эълон менамояд.
1. Мудири шӯъба, духтури гигиенаи хӯрока 1 нафар, маош 998,20 сомонӣ.
2. Духтур-ташхисгар 1 нафар, маош 657,80 сомонӣ.
Онон низ узви комилҳуқуқи ҷомеаанд
Дар кишварамон Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафарони маъюб аҳамияти махсус дода мешавад ва ин нафарон чун узви фаъоли ҷомеа дар раванди пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳм доранд ва нисбати ҳаёту фаъолият ва тадриси онон чораҳои муассир андешида шудааст.Дар ин шумора доир ба ин нафарон баъзе суханҳову масалҳоро тариқи тарҷума рӯи чоп овардем, ки пешкаши хонандагон мегардонем.