Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” дар шаҳри Конибодом
Шоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари лоиҳаи мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Паёми табрикии раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамшаҳриёни азиз!
Бо эҳсоси шукронаву хушнудӣ аз рӯзгори ободу озоди сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни 21-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Лозим ба қайд аст, ки ин Рӯзи сарнавиштсоз барои тоҷику тоҷикистонӣ чун Рӯзи умед ба ояндаи бузурги кишвар дар хотираи мардуми мо бо хатҳои заррин нақш бастааст, зеро баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон раванди бунёди ҷомеаи мутамаддин ва оғози марҳилаҳои бузурги ободониву созандагӣ бо маром шурӯъ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш доир ба Ваҳдати миллӣ чунин баён намуданд: “Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.”
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳр
Санаи 23-юми июни соли равон дар майдони Парчами давлатӣ чорабинии идонаи умумишаҳрӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода иштирок намуданд.