Иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Санаи 10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Ситоди кории «Кӯкнор-2018» дар шаҳр баргузор гашт
Санаи 8-уми июни соли равон ҷаласаи навбатии ситоди кории «Кӯкнор-2018» дар шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбари ситод, муовини якуми Раиси шаҳр А.Шарифзода ва дигар аъзоёни ситод иштирок намуданд.
Сараввар А.Шарифзода аъзоёни ситодро ба қарори раиси шаҳр «Дар бораи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2018” дар шаҳри Истиқлол”, ки аз санаи 30-юми майи соли 2018, таҳти №126 ба тавсиб расидааст шинос намуда, аъзоёни ситоди мазкурро дастур дод то дар муҳлатҳои муайян бояд корҳои амалӣ, тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳиро бар зидди нашъамандию муомилоти маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳо дар тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил ва гузаронида шавад. Ҳамчунин аз котиби ситод талаб карда шуд, ки нақшаи чорабиниҳо оиди иҷрои қарорро таҳия намуда, дастраси аъзоён гардонад.
“Металлург” дар ҷойи чорум қарор дорад, Офарин!
Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Гулистон мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби футболи шаҳри Истиқлол “Металлург” ва “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ташкил гардид ва дар натиҷа 6:1 ба фоидаи дастаи “Металлург” бозӣ ба анҷом расонида шуд.
Айни ҳол аз рӯи ҳисоби бозиҳои лигавии вилоятӣ тибқи маълумоти Федератсияи футболи вилояти Суғд дастаи “Металлург”-и шаҳр байни 13 дастаҳо дар ҷойи чорум қарор дорад ва итминон дорем, ки яке аз ҷойҳои намоёнро дар ин мусобиқа ишғол менамояд.
Мухбири “НИ”