Дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ манъ аст
Ба иттилои шаҳрвандон, махсусан падару модарон ва ҷавонон расонида мешавад, ки бино ба мактуби Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании вилоят дар ҳама мавсим дар мавзеъ-ҳои мамнуъ оббозӣ намудан манъ мебошад ва дар ин маврид дар шаҳри Истиқлол дар кӯли болои кӯчаи Бинокор ва кӯли даромадгоҳи маҳаллаи Табошари кӯҳна оббозӣ кардан қатъиян манъ аст.
Футбол: 4:3 ба фоидаи дастаи “Металлург”
Ҳафтаи сипаригардида дар майдони футболи Маҷмааи варзишии шаҳр мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби шаҳри Истиқлол “Металлург” ва ноҳияи Ҷаббор Расулов “Пахтакор” баргузор гардид ва дар натиҷа “Металлург” 4 голро ба дарвозаи ҳарифи худ ворид кард. Лозим ба қайд аст, ки бозингарони дастаи “Металлург” дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм, минтақаи Суғд-2018 фаъолона ширкат доранд.
Выступление Государственного МИД Индии
https://www.youtube.com/watch?v=L-5pMf2Cuj8&feature=youtu.be