Боз як медали нуқра
Якчанд муддат пеш панҷ нафар хонандагони муассиса-ҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи фосилавии байналми- лалӣ «Кенгуру математика» 2018, Сингапур”, ки дар байни 30 давлати дунё баргузор мегардид иштирок намуда буданд. Озмун дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар натиҷа бо соҳиб шудани 65 хол ҷойи 2 насиби хонандаи синфи 8-и МТМУ №6 Одилзода Ҳабибулло гардида, аз тарафи ташкилкунандагони ҳамин олимпиада бо медали нуқра ва сертификат сарфароз гардонида шуд.
Ғолиби озмуни “Хонандаи сол-2018”
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ ва омода намудани онҳо ба давраҳои минбаъдаи озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мунтазам талош меварзад. Яке аз ин иқдомҳо баргузории даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» байни хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимии шаҳр мебошад.
Худойназар Амонзода: Барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳем кард
Санаи 12-уми майи соли равон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагии ҷомеаи кишвар баргузор гардид ва дар ин чорабинии сатҳи баланд Сарвари давлатамон суханронии пурмӯҳтаво намуданд, ки дарбаргирандаи масоили ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар буд ва иҷрои он дастурҳои созанда вазифаи ҳар як нафар фаъоли ҷомеа мебошад.
Дар ин мулоқот махсусан Пешвои миллат қайд карданд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.