РАҲБАРИ РАЁСАТИ УМУМИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТИРО ДАР КИШВАРАШ ТАСДИҚ КАРД
Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаи радиои «Озодӣ» 19 феврали соли ҷорӣ хабар доданд. Тибқи иттилои мазкур, раҳбари мақомоти амниятии Афғонистон аз мавҷудияти 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ ҳастанд.
Ятимов ба мансабдорони аврупоӣ аз ҲНИТ шикоят кард
Ятимов таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дуруғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд
Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи мақомоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.