ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БУЗУРГ
Дар охир ба якчанд фаъолони шаҳр Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.Сипас аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфароз гардонидани ду нафар собиқадорони меҳнат ба медали Хизмати шоиста қироат карда шуда дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо тақдим карда шуд.
Ҳамзамон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ва Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода ширкат варзида сокинонро ба ин Иди Бузург табрик гуфтанд.
Инчунин растаҳои соҳаҳои гуногун низ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон дар назди Қасри фарҳанги шаҳр растаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода аз он дидан намуда, бо ҳайати ҳунармандон суҳбат намуданд.
РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ
Дар қисми ҳарбии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бахшида ба Рӯзи Истиқлолият чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон
ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ширкат варзида, афсарону сарбозонро ба ин Иди бузург табрик гуфтанд.Сипас меҳмонон аз вазъи хизмат дар ин қисми низомӣ дидан намуданд. Ҳамзамон дастурхони идона ва барномаи консертӣ ташкил гардид.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЯКУМИ ШАҲР
Санаи 6 уми сентябр тибқи нақша дар маҳаллаи 1 уми шаҳри Истиқлол бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ манзури сокинон гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанг барои фароғати бошандагони маҳалла барномаи консертӣ доир карда, аз ҷониби ҳозиршудагон, хусусан кӯдакону наврасон бо кафкӯбиҳо ва рақсу табрикотҳо пазироӣ гардид.






















