шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ғамхории табибон дар маркази таваҷҷӯҳи Пешвои миллат

Недоступен ни однин перевод.

Дирӯз ба табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустии шаҳри ИСТИҚЛОЛ маводҳои хӯрока ва сабзавот, ки бо дастгирии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат дастрас гардида буд, зина ба зина тақсим карда шуд. РАФТИ ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲО САРДУХТУРИ Беморхонаи марказии шаҳри Истиқлол Ғоибов В.Т. миннатдории кулли табибони шаҳрро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, таъкид дошт, ки табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустӣ ҷавобан ба ин дастгирӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва сиҳатии сокинон кӯшишу гайрати хешро равона хоҳанд кард.

Ҳамчунин табибон низ аз ин иқдом хело хушнуд гардида, баён доштанд, ки ин ғамхории Сарвари азизи кишварро фаромӯш нахоҳанд кард.

Печать
PDF

ФИДОКОРИҲОИ ТАБИБОНИ ТОҶИК

Недоступен ни однин перевод.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад.

Масъалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифоъи Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин, ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Ҳар як байти Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ чунин шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва кишвари мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст. Ба сабаби он, ки илми тиб дар саҳнаи зиндагӣ аз ҳама муҳимтар ва густурдатар буд, қонуну қоидаҳои бисёр ҷиддӣ барои татбиқи он иншо гардида буданд.

Печать
PDF

Иқдоми шоистаи таҳсин

Недоступен ни однин перевод.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи таърихии амнияти ғизоӣ аз давраи ба даст овардани Истиқлолият то ҳол идома дошта, ин иқдомҳои Сарвари азизи кишвар боис ба таҳсини халқи азизи Тоҷикистон гардидааст. Махсусан ин ташаббусҳо ҳам мунтазам ва ҳам дар даврае ташкил мегарданд, ки ниёзи аввалияи мардуми кишвар таъмин мегардад.

Дар шароит ва вазъи имрӯза, ки сартосари ҷаҳонро бемории сироятии COVID- 19 фаро гирифтааст, дар Ваатани азизамон низ сокинон сироят ёфта истодаанд, чунин амалҳои меҳанпарваронаи Фарзанди фарзонаи миллат боис ба ифтихору сарбаланди мо мебошад, зеро дар вазъияте, ки дар ҷаҳон аломатҳои буҳрони иқтисодӣ фаро омадааст дастгирии мунтазами соҳаҳои гуногун ва аҳолӣ зинаи аввали ҳалли мушкилот маҳсуб меёбад. Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Амнияти ғизоии мамлакат зери назорати ҷиддии Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро амнияти ғизоӣ кафолати пойдории сиёсати иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мебошад.”

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Ошибка: Не выбраны статьи для показа

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз716
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1653
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13788
mod_vvisit_counterҲамин моҳ2369
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта51582
mod_vvisit_counterҲамагӣ4351398

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.