Ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Истиқлол доир гардид
Санаи 20 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ҷаласаи васеи назоратӣ доир гардид.
Нахуст, Раиси шаҳр дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18 ноябр зимни мулоқоташон бо фаъолони вилояти Суғд баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати он дастуру супориш дод.
Дар идома, тибқи нақшаи корӣ гузориши шахсони масъул оид ба ҷараёни амалишавии Стратегияи рушди соҳаи саноат дар давраи то соли 2030, иҷрои барномаи давлатии рушди ҷавонон, ҷараёни маъракаи обуна ба нашрияҳои давлативу дигар матбуоти даврӣ шунида шуд. Ҳамзамон аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи Интихоботи дарпешистода чораҳои муассир ва саривақтӣ андешанд.
Дар идомаи ҷаласа оид ба ташкили корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, фаъолияти назаррас дар самти пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини мақомоти маҳаллӣ вазифадор гардиданд.
Дар сӯҳбат бо ҷавонон
Санаи 14 ноябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақам шаши шаҳр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат бо ҷавонон ва наврасони муассиса ташкил ва гузаронида шуд, ки дар муовини раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад ва намояндаи шӯъбаи дар шаҳри Истиқлолбудаи РКДАМ ҶТ дар вилоят Давлатшо Асадуллоев ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар сӯҳбат оид ба таърихи Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва тинҷӣ дар кишвар, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, дастгирии ҷавонон, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баромадчиҳо суханронӣ намуданд. Махсусан ба ҷавонон аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум, таргиби тарзи ҳаёти солим, ва дониш омӯхтану касбазхудкунӣ фаҳмонида дода шуд.
ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ
Санаи 12 ноябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода ширкат доштанд.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин курс 20 нафар ҷавонони фаъол аз корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо номнавис карда шуда, минбаъд дар дарсҳо, ки дар мавзӯҳои мубрами рӯз, алалхусус оид ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ матраҳ мешаванд фаъолони ширкат хоҳанд кард. Дар рафти сӯҳбат раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, рушди соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси корхонаҳои бузурги саноатӣ ва таъмини шароити арзанда барои зимни халқи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Қайд шуд, ки минбаъд соатҳои дарсӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, курсҳо натиҷабахш ташкил карда шаванд.