Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.
Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.
Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.
Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает
Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 4-го июля 2021 года в 18:00 часов вооружённая группа движения «Талибан» захватила без боя уезд Хохон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан.