Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»
Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»
Чунонки маълум аст, дар шаҳри Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини авали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Иштирокдорони Конфронс аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Турманистон иборат буданд.
Дар ҷараёни Конфронс ректори яке аз донишгоҳҳои бузуртарини Туркия- Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак дар мавриди хатари ташкилоти террористии наҳзат изҳори назар намуд. Дар аввали суханрониаш профессор Маҳмут Ак аз суханони Саидмукаррам Абдулқодирзода пурра ҷонибдорӣ намуда, миннатдориашро ҷиҳати огоҳ намудани донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ аз амалҳои душманонаи наҳзат изҳор дошт. Инчунин профессор зикр намуд, ки ӯ низ хатмкардаи бахши илоҳиёт буда, оид ба суиистифодаи созмонҳои террористӣ аз номи Ислом пурра маълумот дорад.
Дар ин росто ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки мутаассифона, созмонҳо ва ташкилотҳои террористии наҳзат ва ФЕТО аз номи Ислом суиистифода намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокихуд расанд.
Ҳамин тартиб, профессор Маҳмут Ак зикр намуд, ки ҳизби ба ном исломии наҳзат чеҳраи воқеияшро аллакай дар солҳои 1992-1997 нишон дода буд. Дар муддати панҷ сол теъдоди зиёди шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пайравони ин ҳизб ба қатл расиданд.
Ректори Донишгоҳи Истанбул инчунин зикр намуд, ки аъзои наҳзат бо кумаки бевоситаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарсону саргардон карданд.
Маҳмут Ак таъкид кард, ки амалҳои душманонаи аъзои наҳзат вазъи амният ва истиқлолияти тоза бадастомадаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол бурданд. Ҳамин тартиб, ректори Донишгоҳ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Туркия низ монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди табадуллоти нокоми давлатӣ гардидааст ва кӯшиши табаддулотеро, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоинон роҳандозӣ шудааст, ҷониби Туркия эҳсос менамояд. Дар рафти суханрониаш профессор Маҳмут Ак тазаккур дод, ки гурӯҳҳои тундгарое, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, мехоҳанд озодии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол баранд. Аммо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки ин бофтаҳои бадхоҳони миллати тоҷик аст.
Дар фарҷоми суханрониаш ректори Донишгоҳ аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сарҳадии тӯлоние, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд аст, на танҳо ба вазъи амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Туркия низ хатари ҷиддӣ дорад.
Дар ҳошияи Конфронси мазкур инчунин мулоқоти хоси Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳуллоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест.
Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср
Шоми рӯзи 18 октябри соли равон дар толори конфронси “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохурии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзоёни Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ташрифи С. Абдулқодирзода ба шаҳри Қоҳира бо даъвати Дабирхонаи муфтиёти Миср барои ширкат дар Конференсияи “Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ”, ки аз 16 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, сурат гирифт.
Дар рафти ин вохурӣ теъдоди зиёди тоҷикони муқими Миср ширкат дошта, кушодашавии ҷаласа бо сароидани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас сухангуи Ҷамъияти тоҷикони Миср Муҳаммадамини Абдулҳамид, меҳмонони ҷаласаро муаррифӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи аҳамият ва зарурияти танзими вохурӣ, суханронӣ кард.
Дар оғози мулоқот, аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, инчунин филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд.
С. Абдулқодирзода дар аввали суханронии худ таъкид намуд, ки Миср, кишвари Азҳари шариф, сарзамини илму маърифат ва соҳиби тамаддуни қадима буда, аз мактаби илму маърифати он бузургтарин олимону нависандагон, орифону фозилон ва мутаффакирони зиёде бархостаанд, ки дар пешрафти соҳаи илму маърифат хидматҳои арзишмандеро аз худ боқӣ гузоштаанд.
У дар давоми суханронӣ, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар баробари фаъолияти кории худ дар хориҷи кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нақши тоҷикони бурунмарзиро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба саффи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва равияи Салафия таъкид намуд.
С. Абдулқодирзода аз талошу муборизаи кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ ёдовар гардида, хотирасон намуд, ки ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд. Талоши душманони миллат, ин эҷоди ихтилофу фитна дар миёни мардум буда, аз байн бурдани амну субот, парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мебошад.
С. Абдулқодирзода ба ҳозирин таъкид намуд, ки ташкилоти террористю экстремистии ҲНИ шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслими” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон буда, чун ДИИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ба амнияту суботи Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва олами Ислом хатаровар аст.
Дар интиҳои суханони худ С. Абдулқодирзода барои ширкаткунандагон бори дигар таъкид намуд, ки таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар боиси нигаронӣ гардидааст. Зеро яке аз омилҳои асосии ҷалб ва шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Таҷрибаи солҳои ахир нишон дод, ки ба сабаби беназоратии бархе аз муассисаҳои таълимӣ сабаби гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна мазҳабу равишҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона гардиданд. Ӯ барои гуфтаҳои хеш аз нафароне, ки дар шаҳрҳои Қуму Мозандорони Эрон таҳсил намуда, имрӯзҳо аз мазҳаби аҳли ташаюъ пайравӣ менамоянд, мисол овард.
Ҳамчунин Саидмукаррам Абдулқодирзода барои ҳозирин ёдовар гардид, ки дар Донишгоҳи исломӣ факултетҳои зиёде фаъолият доранд ва онҳо метавонанд аз таҳсили ғайрирасмӣ даст кашида, дар якҷоягӣ бо тамоми фарзандоношон ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, идомаи таҳсили илми шариатӣ кунанд.
Дар навбати худ, профессори Донишгоҳи Айни Шамс ва эроншинос Аҳмад Сомӣ барои даъват ба Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳори сипос намуда, дар бораи таърихи сиёҳи робитаи кишвари “охундҳо” ва ТТЭ “ҲНИ” шарҳи муфассал дод.
А. Сомӣ ба ҳозирин таъкид намуд, ки дахолатҳои хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми созмонҳои террористӣ гардида, натиҷаи рушду афзоиши он сабаби бар ҳам задани нооромию бетартибӣ дар кишварҳо мегардад. Перомуни хоҷагони хориҷии асосии ТТЭ ҲНИ таъкид намуд, ки Ҳизб аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон таъсис ва маблағгузорӣ мегардад. Теҳрон аз пешрафти технологияи худ истифода намуда, бо созмонҳои гуногун бо вуҷуди ихтилофҳои идеологии онҳо забон як месозад. Дар амалисозии нақшаҳои худ аз марказҳои пажуҳишии давлатӣ ва хусусӣ истифода намуда, беҳтарин роҳҳои расидан ба ҳадафро интихоб мекунад. Аз ҷумла, Маркази тадқиқотии Осиёи Миёна ва Қафқоз аз зумраи чунин марказҳо ба шумор меравад. Маркази номбурда кишварҳоро ба чанд қитъаи географӣ тақсимбандӣ намуда, вуҷуди худро дар он ҳамчун “соҳибқарор” ва шарики стратегӣ баҳри барқарор намудани рушду суботи инҳо муаррифӣ менамояд. Теҳрон аз вазъияти вазнини иқтисодию сиёсию амниятии кишварҳо суистифода менамояд, ки ин ҳолат барои амалӣ сохтани нақшаҳои дар гузашта таҳрезишудаи он, шароити мусоид фароҳам меорад.
А. Сомӣ изҳор дошт, ки баъд аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Эрон шароити муносиб фароҳам овард. Теҳрон дар оғози амалисозии нақшаҳои хеш, ба мардуми тоҷик наздикӣ ва ҳамонандии мазҳаби шиа ва сунниро талаққӣ менамуд, ки аз ин гуфтаҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ фиребхурда, зарурати қабули мазҳаби шиаро барои худ лозим донистанд. Зеро, “гӯё” тибқи гуфтаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ мазҳаби шиа мазҳаби “ҳақ” мебошад. Бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ ин рафтори худро бо гуфтаҳои роҳбари ҳизб М. Кабирӣ тақвият мебахшанд, ки дар он М. Кабирӣ фаъолияти ҳизбро ҷузъи фаъолиятҳои “Ҷунбиши байналмилалии бедории исломӣ” мепиндорад. Ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати “охундҳо” ҳеҷ гоҳ аз ҳадафу мароми хеш пас нахоҳанд гашт, аз ин рӯ бояд дар асно ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем.
Дар хотима, Раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода, барои ташрифи меҳмонони олиқадр ва муҳтавои пурмазмуни онҳо дар ин нишаст сипосу қадрдонии хешро изҳор намуд. Ҳамчунин, у дар бораи вазифаҳои дар пешистодаи ҷамъият ва саҳму кушишҳо дар пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ суханронӣ кард. У илова намуд, ки филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва амали ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин, ки солҳо дар сафи ТТЭ ҲНИ қарор дошта ба ҳаёти осоишта баргашт, беҳтарин намунаи инсоният буда, ноҳақ ва ботил будани идеологияи ТТЭ ҲНИ ва сарпарасти молиявию маънавии онро бори дигар ошкор сохт. У таъкид намуд, бояд рафтори ҷавонмардонаи Сатторов Аёмиддин ба аъзоёни боқимондаи ТТЭ ҲНИ намунаи ибрат буда, ботил будани фикри наҳзатиро эътироф ва худро бозичаи дасти манфиатҷуёни ин ташкилоти террористӣ накунанд. Ҳамчунин, А. Оқилзода дар бораи пайомадҳои ҷанг дар кишварҳои Ховари миёна ва вазъияти имрузаи шаҳрвандони он, ки қисме ҳалок ва қисми дигаре дар кишварҳои хориҷа гурезаву дарбадар гаштаанд, ёдовар шуда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал овард, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар кишварҳои иқомат нагузорем, ки душманони миллат ватани азизу гулгулшукуфои моро ноором кунанд.
Ҷамъияти тоҷикони Миср,
Қоҳира, 18 октябри 2018
Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд
Донишмандон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дуруғу фиреб сарукор мегирад ва қанатҳои хориҷии он – ба мисли ТТЭ ҲНИ ҳамоно бо фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризмии худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои “саркубӣ” мехоҳанд ҷонибдор ва дилсӯзии шахсони фиребхӯрда ва ташкилотҳои террористиро ба даст оранд.
Дар ҳошияи Конференсия солонаи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон, ки дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, Шайх Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозирин талаб намуд, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи чил соли охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст.
Ӯ ишора намуд, ки ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифа мардум ташкилотҳои байналмиллалӣ ба монанди Эрон меистанд.
Муфтии собиқи сарзаминии Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи Ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ, амалӣ мегардад. Шакке нест, ки давлатҳо бо тамоми дороии хеш бар зидди ташкилотҳои террористӣ ҷанг эълон намудаанд. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳо қарор диҳанд.
Ӯ илова намуд, ки муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гуруҳҳои терористӣ, аз ҷумла ташкилоти “Ихвонул-муслимин”, айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои “Ихвонул-муслимин” ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкориҳои зич барпо гардида, дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ зиёратҳои дуҷониба сурат гирифта буд.
Ҳамзамон, Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ, аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба мардум, сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва қанатҳои террористии он сухан кард.
Ӯ ҷавонони пайрав аз ҳаракати “Ихвонул-муслимин”-ҳои мисрӣ ва дигар кишварҳои олам ба хусус дар Тоҷикистонро қурбонии бозиҳои сиёсӣ номид. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ва ё дер дар назди Худованди таъоло ҳисобот хоҳанд дод. Ӯ илова намуд, ки мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмоӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг “дуруғгуӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори “ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд.
Ҳамзамон доктор Аҳмад Аттия, Вазири Авқоф ва даъвати яманӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Ӯ илова намуд, ки он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчуби фармудаҳои Қуръони карим ва Суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Д-р Аҳмад Аттия талаб намуд, то як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расидан имкон гардад.
Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима иброз дошт, ки имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеъӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд. Ва ин намуди фатвоҳо аз шохаҳои бединӣ илҳом гирифта, дарҳои худро барои ҷавонон хоҳад кушод.
Дабири кулли Шӯрои сарони уламо, Доктор Аббос Шумон, сифати ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-ро “дуруя” маънидод намуда, иброз дошт, ки ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали “дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала, марҳилаи беморӣ бо касали “дуруғ” аст. Д-р А.Шумон ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода таъкид намуд, ки агар онҳо дуруғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале ба онҳо хитоб намуд, то аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. Онҳо ба миқдори як нохун ба ин муассисаи бузург зарар расонида наметавонанд. Бо ишора ба М.Мурсӣ, таъкид намуд, ки онҳо вақти дар сари қудрат қарор доштан, ноком буданд, пас чи гуна баъди давлат аз даст рафтан гуё комёб мегарданд.
Доктор Маҷдӣ Ошур, машовири академии муфтии Миср иброз намуд, ки тамоми ташкилотҳои экстримистӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи “Ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун “Боби иҷтиҳод” мепиндоранд бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчуби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ аз қабили куштору ғорату дуздӣ, бо номи Ислом фатвоҳои носанҷида содир мекунанд.
Ҳамчунин, шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон таъкид намуд, ки манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон, танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Ӯ дар изҳороти худ таъкид намуд, ки амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои “Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Қайд намудан лозим аст, ки “Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. У таъкид дошт, ки амалҳои онҳоро маҳкум сохта, бояд дар паҳлуи шахсоне ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем.
Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ - доктор Муҳиддин Афифӣ, дар рафти суханронии худ таъкид намуд, ки ташкилоти террористии силоҳбадасти дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд ва махсусан дар олами имрӯза, ки дар он падидаи терроризму зӯроварии мусаллаҳ ва ташкилотҳои харобкору фасодзада интишор гардидааст. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” даст ба куштору сӯйиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.
Д-р М. Афифӣ ишора намуд, ки донишмандони Азҳари шариф таъкид намуданд, ки ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намуддаст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сабуки худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну сулҳ омадааст ва ихтилоф дар мазҳаб маъно носозгориро надорад. Давоми суханронии худ доктор Муҳиддин Афифӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст.. ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад
- Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад»
- Сафарбаркунӣ ба хизмати Модар-Ватан...
























Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД
Мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии МИҲД-и шаҳр
Сармутахассис бойгонии шаҳр
Мудири шуъбаи АДСИН
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр
И.в. мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД
Мудири бахши фарҳанг
