Хамрохон Зарифи, бывший глава МИД РТ: «Земля Воруха – территория Таджикистана навсегда»
ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС: Ворух меросе аз Ориё ва порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар матбуоти даврии Қирғизистон ва расонаҳои электронии он имрӯз сару садоҳое ҳам ҷой доранд, ки деҳаи Ворухро анклав дониста, онро дар гузашта марзи ин кишвар меҳисобанд. Дар асл ин як даъвои беасос аст. Аз тарафи дигар, ин иддао таҳрифи рӯйрости таърих аст, чун садҳо далелҳои таърихӣ ҷой доранд, ки ҳатто дар аҳди қадим Ворух як вилояти бузурги тоҷикнишин буда, ки дар тобеияти он навоҳии зиёде ба мисли Суху Ҳушёриву дигар минтақаҳо қарор доштаанд. Аз нигоҳи забонӣ ҳам «Ворух» яке аз вожаҳои куҳани суғдӣ будааст ва мардуми ин минтақа то ҳанӯз куҳантарин вожаҳои тоҷикии аҳди сомонӣ, нахустин давлати тоҷиконро дар гуфтори хеш истифода мекунанд. Чунин таъкид намудааст Нуралӣ НУРЗОДА, шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ зимни як нигоштаи худ, ки матни онро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.