Ваҳдати миллӣ-муқаддасоти олӣ
(Гузориш аз баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол)
Ҳафтаи сипаригардида дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол бо иштироки раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи Шӯроии вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирпоччоева М.Қ. ҷаласаи ҷамъбастии Ҳаракат дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли2018 ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат ширкат доштанд.
Сараввал раиси шаҳр доир ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва равнақ ёфтани созандагиҳо дар кишвар суханронӣ намуданд.
Аёдати собиқадорон
Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Очилзода Олимҷон ба дидорбинии якчанд собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд.
Рафти дидорбинӣ бо собиқадори соҳаҳои гуногун қайд карда шуд, ки ояндаи низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ба ин табақаи соҳибтаҷриба таваҷҷуҳи хешро равона хоҳад кард.
Шӯрои собиқадорон аз фаъолияти хеш ҳисобот дод
Санаи 21-уми феврали соли 2018 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳанти шаҳр дар соли гузашта ташкил гардид, ки дар он раиси шаҳр ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов ширкат доштанд.
Сараввал раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Куйлибоев Р.А. оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2017 ҳисобот дод. Якчанд намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ба музокира баромада доир ба саҳми собиқадорон дар ҳаёти ҳамарӯза ва нақши Шӯро дар ташкили корҳои тарғиботӣ баромад карданд.