Чораҳои муассир
Имрӯз низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 дар шаҳри Истиқлол бо дастгирии Раиси шаҳр 1000 пар дастпӯшакҳо, 2700 адад ниқобҳои бисёркарата антисептикҳои панҷлитра ва дигар маводҳои безараргардонӣ харидорӣ карда шуда,ба сохторҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ дастрас карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки чунин иқдомҳо имрӯзҳо дар шаҳр амалӣ шуда истода, барои пешгирии ин бемории сироятӣ мусоидат хоҳад кард.
Маросими гулчанбаргузорӣ
Иқдоми ватанпарварона
Имрӯз бо ташаббус ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии (Оператсия СИЗ Худжанд) бо роҳбарии Зебуннисо Солиева бо мақсади иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ҷиҳати пешгии бемории COVID-19 ба шуъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Истиқлол 20 адад корҷомаҳои тиббии чандкарата бо лавозимоти заруриаш, дастпӯшакҳо, тепловизор ва дигар маводҳои антисептикӣ тақдим карда шуда, дастрас гардид.