Сафари созандаи Раҳбар ва бадхоҳии душманон
Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд.
Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тайи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндаги шарафмандонаи сокинони муазами кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.
Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони бо суръати кишвар тамоми имконоти хешро сафарбар намуда, онро дар ҳоли амаликунонӣ қарор доранд. Мусалам аст, ки дар ҷаҳони имрӯз саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, нишондиҳандаҳои пешрафти саноат дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳад, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ду омили асоси; яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи навин мебошад, ки тавонад корхонаҳои саноатии кишварро дар баробари корхонаҳои дигари ҳамсон ба рақобатпазирӣ тобовар намоянд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои дастнахурдаи кишвар, махсусан дар зимни сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии ба вуқуъ пайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт дар баробари мулоқот бо лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро муарифӣ намуданд. Зимни муарифӣ раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Албатта ҳар сафар бо бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа сурат мегирад, ки натиҷаҳои онҳо пас аз гузашти вақт барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор хоҳанд овард. Сафари навбати Президенти кишвар, ки ба давлатҳои Аврупоӣ нигаронида шудааст, метавонад дар ояндаи наздик барои кишварамон паёмадҳои некеро дошта бошад, зеро кишварҳои Арупои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба гуруҳи давлатҳои пешқадам ва таъсиргузори сайёра ба ҳисоб рафта, дар тасмимгириҳои муҳими ҷаҳони даст доранд.
Аммо ин сафар барои наҳзатиҳои террористи хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ин дафъа низ хиёнатгарона ва нотавонбинона буд. Ин гуруҳи беҳувияти худбохта, ки муддати мадидест дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро шиор табдил додаанд ва аслан моҳияти онро аслан дарк намекунанд, хостаанд дар Фаронса беобурӯиву пурпӯстии хешро “даъвогар” ва “озодманиш” нишон диҳанд. Вале воқеият на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт. Аҷиб ин аст, ки ин террористони ҷиноятпеша, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо беруии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечоранолӣ, мазлум нишон додан гӯё мехостанд, додхоҳии хешро изҳор намоянд, вале чун дар тамоми амалкардҳояшон хусусиятҳои ифротгароиашон бармало ҳаст ва онро наметавонанд идора намоянд, боз ҳам дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолиф ва муғойири тамоми меъёрҳо буд пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд. Худи ҳамин амал бозгӯкунандаи он аст, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим муносибат карда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон сурат мегирад. Мутмаинем, дар сурати одитарин фурсат барояшон пайдошудан дубора бо ришу ҷелакҳои террористи барои диндор кардани мардумони Аврупо бо шеваҳои хашини инсонбадбини шуруъ хоҳанд кард. Зеро андешаи ифротию хашини ин гуруҳро бо ҳеҷ чиз пушонида намешавад. Сад накунӣ, ки террорист террорист боқӣ мемонад.
Эҳсони Илҳом
Нотавонбинӣтобакай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса муносибатҳои мутақобилаи судманд дошта, ҳамкориҳо байни ду давлат дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.
3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. 28 ноябри соли 2012 дар ш. Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ба душ дошт. Ҳамчунин дар шаҳри Парижи Фаронса Анҷумани форсизабонони ҷаҳон бо номи Рудакӣ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро шаҳрванди ин кишвар профессор Масъуд Миршоҳӣ ба уҳда дорад. Қобили қайд аст, ки дар заминаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса (4 декабри соли 2002 дар ш. Париж имзо шуд) ҳамчунин дар ш. Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.
Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.
Сафари дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2019 низ бо мақсади тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак ва манфиатбахш нақшабандӣ карда шудааст.
Тибқи бархе аз расонаҳои ҳангоматалаб, пайравони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ менамоянд, иддао доранд, ки ин сафари роҳбарияти давлати мо характери инфиродӣ ва пинҳонӣ дорад. Чуноне, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ маълум гардид (агар сафар махфӣ мебуд, барои мо барин шахсон дарёфти маълумот дар ин ҷода мушкил мебуд) ҳангоми ин сафар роҳбарияти давлатро як қатор сарварони муассисаву ташкилоти ватанӣ, нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин замина ба имзо расонидани якчанд созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилоти фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қабл аз вуқӯи сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ҳафтаҳову моҳҳои зиёде барои мувофиқа намудани он, тартиб додани чорабиниҳои ташрифотӣ, таҳияи раводид ва таъмини амнияти меҳмонони воломақом сарф мегарданд.
З-ин сабаб даъвои беасоси нотавонбинон, ки пешравии мамлакати моро, қабл аз ҳама ватани мо ва худи онҳоро дидан намехоҳанд, бе асосу бе мантиқ аст. Агар шумо ҳисси милливу ватандӯстӣ доред, чаро дар бораи корномаҳои варзишгарону мактаббачагони Тоҷикистон ки дар арсаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтаанд, намегуеду васф намекунед, шодишарики мо нестед. Танҳо ба паст задани обрӯй ва нуфузи кишвар, халқу миллат ва давлати тоҷикон машғулед. Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!
Собири Камол
Дар Фаронса воқеаи наҷиб рӯй дод. Кормандони муҳофизи Пешвои миллат, ки ӯро дар ҳангоми сафар ҳамроҳӣ мекарданд, ба авбошӣ ва ҷинояткори аъзои гурӯҳи 24, ки мехостанд, тартиботро халалдор кунанд, мушти обдор заданд. Гуфта мешавад, ки мушт
Дар Фаронса воқеаи наҷиб рӯй дод. Кормандони муҳофизи Пешвои миллат, ки ӯро дар ҳангоми сафар ҳамроҳӣ мекарданд, ба авбошӣ ва ҷинояткори аъзои гурӯҳи 24, ки мехостанд, тартиботро халалдор кунанд, мушти обдор заданд.
Гуфта мешавад, ки мушти тоҷикӣ ба пешонии ифротгароҳо бисёр вазнинӣ кардааст, ки чанд нафари онҳоро мошини ёрии таъҷилӣ бо худ бурдааст. Аҳсант ва сипос ба ин гуна афсарони амниятӣ. Ин ҳалқаҳои ҳеҷкораи ҳеҷмадон то ҳамин лаҳза аз касе ҷавобе ва подоше нагирифта буданд ва табиист, ки вақте мушти хуб обутобёфтаи деҳқонии тоҷикро ба пешониашон эҳсос карданд, фаҳмиданд кор то куҷо ҷиддист. Дарк карданд, ки бо ёвасароӣ ва жожгӯйӣ наметавон тамоми умри худро масраф кард. Донистанд, ки ҳар амали нораво подоше дорад ва ин подош дар ин муддати замонӣ бар пешонии онҳо ҳадаф гирифтааст. Шармандагии аз ин беш намешавад, ки дар ғарибӣ боз аз дасти тоҷики худ бинобар беақливу бетарбиягӣ мушт хурӣ. Ин мушт – мушти холӣ ва танҳо набуд. Он мушти дастаҷамъии тамоми ватанхоҳон аст, ки беадабиро қабул надоранд. Он каҷравони уфтодахотир фаромӯш кардаанд, ки адаб тоҷи сари мардон аст. Ва меҳмон дар куҷое набошад, атои Худованд аст.Ҳадафи мушт беҳуда гурӯҳи 24 намебошад. Ин гурӯҳак, ки аз 3 нафар беш нест, вақтҳои охир ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, ба ном «ҳаракати ислоҳот ва рушд», «Ҷавонон ва инкишоф» ва ғайра музахрафотро ба дили худ созмон додааст. Фалсафаи вуҷудии ин гурӯҳ мисли афроди онро ташкилнамуда, аз нишонаҳои ҷунунӣ иборат аст. Иштиёқмандон ангушти ҳайрат мезананд, ки то куҷо ҳар тоҷири аз панҷаи қонун фирорнамуда, барои хуморшикании худ, созмонаке ташкил медиҳад ва худро «муборизи роҳи озодӣ» медонад. Ҳоло он ки ҳамин Сӯҳроб Зафар чун иртиботи хонаводагӣ бо Ғаффори «Седой» дорад, аз мактаби хиёнатпешагӣ ва аз пушт ханҷарзаниро нағз омӯхтааст.
Ин нотавонбинон намедонад, ки садоқат ва шоистагӣ ду усулест, ки ҳар давлате бар ин пояҳо устувор ва собит, дурнамои неки худро таъмин мекунад. Ҳамчун пайомади ин каҷравиҳо, чун якеро меҳмони зиндони Тоҷикистону гардонида, дигаре ҳамчун мизбони ҳамешагии боздоштгоҳҳо буда, фаршҳои маҳбасҳои Туркияро фарсуда кардааст. Ин ҳама хиёнат аз орӣ будан аз арзишҳои инсонӣ: 1) Шоистагӣ; 2) Садоқат мебошад, ки 24иҳо мубтало ба ин дарди бедаъво кардааст.
Аслан, шоҳидони воқеӣ аз гурӯҳи 24 чунин ҳикоя мекунанд. Мақсади аз ҳам пошидани ин гурӯҳ аз он иборат буд, ки Н.Ризоӣ, Ҳ.Ашуров ва Ш.Гадоев бо фиребу найранг ба сари С.Зафар об рехта, бо роҳҳои номашрӯъ худро ба Европа расониданд. Ба иборати дигар, С.Зафарро ҳамчун шахси номатлуб ва ғайриқобили эътимод дар Туркия партофта рафтанд.
Дигар хосияти гурӯҳи 24 дар таваҳумоти исломӣ ва дунявӣ қарор гирифтани ин ташкилот аст. Набуди дарки амиқ аз муборизаи сиёсӣ,масъулони ин гурӯҳро маҷбур месозад, ки аз як дар ба як дар ва аз як кишвар ба кишвари дигар дар гурез бошанд. Зеҳнҳои ларзон ва тарсонашон дар ҳаракати ноҷо ва бемаврид қарор доранд. Гурӯхи 24 аслан решаҳои амиқ дар тариқатҳои диние дорад, ки бо сиёсат ва муҳити солим душманӣ меварзанд. Рақсҳои ҷунуномез ва сӯфиёна, ки хоси иделогияи ин гурӯх аст, ин аъзои гурӯҳро мафтун кардааст, ки ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд ва яке худро дар Европа ва дигаре дар Туркия ёбанд. Ин аст ҳолати Г24 ва амсоли ӯ. Дар қишлоқи мо мегӯянд, ки чун қиёмат қоим шуд, дунё ба охир расид, к..(қофила) ба кӯдак мерасад».
ФирӯзИсломов, таҳлилгар