шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳангомаҳо дар атрофи сафари расми

Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар расонаҳои иттилоотии шабакаҳои иҷтимоии интернети сару садоҳои зиёдеро ба амал овард ва сомонаҳои ифроти ва террористи аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандози ва дасисабозиву ҳангомасози мебошанд.


Сомонаҳои ифротиву террористи кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои ҷомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонаҳои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу ҳангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо маҳорати касби ва тахассусии иѓвоангези маҳорати хоса дорад. Аз ҷумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки айни замон дар Фаронса ҳамчун паноҳандаи сиёси фаъолият мекунад, аз ҷониби маќомоти кишвар паёми таҳдиди фиристода шудааст. Чунин сару садоҳо ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби сомонаҳои ифроти ва террористи таҳти унвони «Эмомали Раҳмон пинҳони ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

 

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пинҳони набуда, аз ҷониби расонаҳои иттилоотии кишвар манзури ҷомеа пешниҳод гардида буд. Вале расонаҳои иттилоотии ифроти баҳри ҳангомасозиву дасисабози ва тафриќаандози сафари расмии Роҳбари давлатро тавре таҳлилу барраси намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинҳони ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари расми анҷом медиҳад. Масъалаи Салим Султонзода низ ҷуз дурўѓу буҳтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ ҳангоме ки иддао мекунад, ки аз ҷониби маќомот, махсусан КДАМ зери таҳдиду фишор ќарор гирифтааст, тарҳи нав ва бозии навбатии ташкилоти наҳзатиёни террорист мебошад. То ҳол ташкилоти террористии наҳзатиён доир ба Салим Султонзода ҳамчун нафари фаъоли Анҷумани Озодандешони Тоҷик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куҷо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва ҳадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлати дар чист?

Тавре ба ҳамагон маълум аст, наҳзатиёни террорист дар хориҷи кишвар зиндаги намула, аз баъзе расму оинҳои хориҷиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоҳоти адабиву фалсафии хориҷиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин ҷо низ ташкилоти террористии наҳзатиён аз истилоҳи симулякр, ки файласуфони фаронсави Жил Делёз ва ҷомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди саҳнаи сиёси намуданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ҳусни таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сўи худ ҷалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии наҳзатиён ба ҳадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маҷбур шуданд, ки аз чеҳраи нави ѓайривоќеи истифода баранд ва ѓаризаҳои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоҳ аст ва шахси дурўѓгў ҳамеша шармсору рўсиёҳ боќи мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии наҳзатиён низ умри на он ќадар тўлони мебинад. Чунки пас аз як ҳафта Роҳбари давлат аз сафари расми бармегардад ва барои ҳамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расми Роҳбари давлат ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Саид Салим

Печать
PDF

Хориҷипарастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ

 

Агар шахс мақолаи навбатии пур аз ғарази Ислоҳ нет «Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов»-и Ислоҳ нет-ро хонда бощад, бори дигар мутмаъин мегардад, ки то чӣ андоза ин лонаи чосӯсӣ аз хориҷиҳо химоят мекунад ва пойбанди онҳост.


Ба навиштани чунин маводҳо онҳо соҳиби чанд пагон буданашонро ҳам нишон додаанд. Мавзуи сафари Чаноби олӣ, Президенти кишварамонро баҳона намуда аз «Радиои озодӣ» пуштибонӣ доранд. Гуё, ки Президенти Радиои озодӣ язнаашон бошад ва ҳамзамон дар ин мавзуъ хоҷагони хориҷиашонро ҳам ифшо намудаанд, ки онҳо вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико ва Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мебошанд.

 

Боиси зикр аст, ки вақто, ки мӯҳлати аккредитатсияихабарнигори “Озодӣ” ба итмом мерасид, пеш аз ҳама наҳзатиҳо ба ташвиш афтода аз тамоми минбарҳо баромад намуда, аз озодии сухан ва ҳуқуку озодиҳои хабарнигорон ҷоғ мезаданд ва акнун, ки он хабарнигорон иҷозати идомаи фаъолиятро гирифта бошанд ҳам, наҳзатиҳо фолбиниҳои худро идома дода истодаанд.

Ислоҳ нет ба мисли он шағолак аз филми тасвирии «Маугли»-ро ба ёд меоварад, ки палангро ҳамроҳӣ намуда, доимо ибораи «мо ба шимол меравем, мо ба шимол меравем»-ро такрор менамояд.  Ислоҳ нет бошад Тоҷикистонро аз вакилон ва конгресменҳои амрикоӣ тарсонида истодааст. Гуё Президенти кишварамонро, ки рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар дорад, мушкилиҳои зиёде интизор аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ наҳзатиҳо ба ин андоза бегонапарастанд? Барои чӣ онҳо дар ҳар маврид моро аз Амрикову Аврупо метарсонанд. Магар онҳо тоҷик нестанд ва Тоҷикистон Ватани онҳо нест. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки барои наҳзатиҳо азизтар аврупоиҳо ва амрикоиҳост.

Пеш аз ҷаласаи САҲА низ наҳзатиҳо доира мезаданд, ки акнун намояндагони Точикистон бо мо рубарӯ мешаванд ва бо мо як ба як мешинанду ба саволҳои мо ва САҲА ҷавоб мегӯянд ва ғайраву ҳоказо. Аммо дар натиҷаи ин ҷаласа наҳзатиҳо аз иштирокашон пушаймон шуданд. Кабиру сағири онҳо ба ғайр аз чор ҷумлаи тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон дигар гапе надоштанд. Шармандавор ҷаласаро тарк намуданд. Намояндагони Тоҷикистон бошад бо як сарбаланди ба Ватан баргаштанд.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки наҳзат айни замон як шиор дорад, ки он ҳам бадном сохтани давлату миллати тоҷик мебошад. Дигар ба ягон кор қодир нест ва ҳатто дар байни худ созиш надоранд, чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар онҳо аз ин шиорашон даст кашанд, аз куҷо дар Аврупо зиндагӣ карда метавонанд.

 

Абдукарим Рашидов

 

Печать
PDF

Хобу хаёли М.Садриддин



Ба М. Садриддин гуфтанием, ки беҳуда зур назанед ва оид ба ин сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо дуруғу туҳмат нанависед. Зеро касе ба ҳарфи шумо гуш намедиҳад. Ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун террористони ҷинояткор медонанд ва маҳкум мекунанд. Навиштаҳоятон мисли хобу хаёл зуд фаромуш мегарданд.



Ба М.Садриддини аблаҳ мефаҳмонем, ки Сарвари давлат ҳаргиз ба меҳмонии шумо нарафтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва раҳбарияти Конфедератсияи Швейтсария ба Аврупо сафар кардаанд. Мутмаинем, ки мулоқотҳою чорабиниҳо зимни ин сафар дар сатҳи олӣ мегузаранд ва натиҷаашон ба фоидаи мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Аврупо хоҳад буд.
Дуруғи навбатии М.Садриддин вобаста ба он аст, ки гуё ТТЭ ҲНИ-ро кишварҳои хориҷӣ террористӣ эътироф накарда бошанд. Дар асл ин гуна нест. Тамоми кишварҳои аъзои ШОС ва ОДКБ, ки сокинонашон қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ эътироф кардаанд ва онро ба рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ ворид кардаанд.
Туҳматҳои дигари палидаки наҳзатӣ дар хусуси мавзӯи иқтисоди кишвар низ ягон асосе надоранд. Ҳама шоҳиданд, ки иқтисоду саноати Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Корхонаю иншоотҳои саноатӣ бунёд меёбанд, роҳҳою нақбҳо сохта мешаванд...

Баръакси навиштаҳои бемантиқи ин палидаки наҳзатӣ тамоми интихоботҳои замони истиқлолият шаффоф ва озодона буданд. Ҳайтаҳои нозир аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамин давлатҳои аврупоӣ ҳам интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардаанд ва натиҷаҳои онҳоро эътироф намудаанд. Яъне туҳматзанию интихоботҳои дар кишварамон доиршударо мавриди шубҳа қарор доданҳои М.Садриддин аз як ҳарзагуие бештар нест.
М.Садриддин чизҳоеро менависад, ки мисли хобу хаёл аст. Масалан даъвои вай дар бораи Гуфтушуниди Сарвари давлат бо Кабирӣ. Аблаҳтарин инсон ҳам чунин андеша надорад. Кадом Раҳбари давлат бо террорист ва ҷинояткору хиёнаткор гуфтугу мекунад? Террористу ҷинояткорони мисли Кабирӣ ва ғайра бояд дар маҳбас бошанду халос. Раҳбари давлат бо мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд, ки меҳнаткашанду дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида Ватанро обод мекунанд. 
Ин ифротии бешарм кӯшидааст, ки Сарвари давлатро бо раҳбарони собиқи баъзе кишварҳои дигар муқоиса кунад ва бо ин роҳ сиёҳкории худро нисбат ба Тоҷикистон анҷом диҳад.  Аммо ин амали аблаҳонаи палидаки наҳзатӣ ҳам гуноҳи нобахшиданист. Зеро Раҳбари Тоҷикистонро бо он хизматҳое ки барои халқу Ватан кардаанд, бо раҳбарони кишварҳои барои М.Садриддин “ошно” муқоиса кардан танҳо як аблаҳист.
Он нафаронеро, ки М.Садриддин зиндониёни сиёсӣ ном мебарад, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайидов,  Муҳаммадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров дар асл ҷинояткоронанд ва барои ҳамин дар зиндон қарор доранд. Ҷойи ҷинояткор зиндон аст. Масалан, имрӯз агар М.Садриддин ё Кабирию дигар ҳаммаслакони онҳо ҳам дастгир шаванд, ҳатман равонаи зиндон хоҳанд шуд. Зеро ҷинояту хиёнат содир кардаанд ва аз ин раҳи душманӣ барнамегарданд. 
М.Садриддин илова бар террористу ифротӣ буданаш одати бисёр бади дуруғнависӣ дорад. Масалан, дар ҳамин мақола ҳам дуруғ менависад, ки гӯё дар конфронсу ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳрҳои Женева ва Варшава ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор гирифта бошад. Аммо ҳама шоҳидем, ки дар он ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванди вазъияти воқеиро баён карда, террористу ифротӣ будани наҳзатиҳоро фош карданд. Баръакс наҳзатиҳо дар он ҷаласа ба вазъияти бад гирифтор шуданд ва тирашон хок хурд. Натиҷаи он ҷаласаҳо буд, ки аврупоиҳо аз мақсадҳои аслии террористони наҳзатӣ ва ҷинояткор буданашон дурусттар огоҳ шуданд ва акнун рафторашон нисбат ба ин табоҳкорон дигар мешавад.
Вобаста ба мақолаи “Вашингтон-пост”  ҳам наҳзатиҳо ва хусусан М.Садриддин беҳуда ҳаёҳу мебардоранд. Он ҳамагӣ як мақолаест, ки муаллифаш албатта аз ҳисоби ноогоҳию нодонӣ онро навиштааст. Агар аз вазъияти воқеии Тоҷикистон огоҳ мебуд, ҳаргиз онро таълиф намекард. Ба ҳар ҳол он чизеро тағйир намедиҳад.  Ҳамин гуна мақолаҳоро “Вашингтон-пост” нисбат ба раҳбарони кишварҳои дигар ва ҳатто худи президенти ИМА ҳам нашр мекунад. Бо нашри ин мақола ягон зараре ба Тоҷикистон нарасидааст, зеро он хато аст. Бо нашри ин мақола террористони наҳзатӣ ҳам ягон манфиате нагирифтаанд.
Мағзи пучи М.Садриддин дарк намекунад, ки ин воқеиятро, яъне Президенти як кишвари озоду демократӣ будани  Пешвои миллати тоҷикро аврупоиҳо дарк кардаанд. Онҳо хуб медонанд, ки Сарвари давлати мо танҳо дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистон ҳастанд. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дигар М. Садриддин ё дигар наҳзатиҳо чи мегуянд, ягон арзише надорад, зеро гуфтаи онҳо ҳарфи террористон аст. Аврупоиҳо бошанд, аз терроризм безоранд. Онҳо бо Ҳукумати қонунӣ ва прогрессивӣ кор мекунанд.
Ин палидаки наҳзатӣ дар оғози навиштааш масъалаи ба муддати тӯлонӣ фаъолият доштани Раҳбари кишварамонро дар миён меорад ва аз арзёбиҳои кадом як созмони хориҷие дар хусуси мавқеи номуносиб доштани Тоҷикистон дар руйхати онҳо ҳарф мезанад. Аммо ба гуши кари М.Садриддин бори дигар мерасонем, ки Президенти Тоҷикистонро мардуми кишвар интихоб кардааст ва ин ҳуқуқро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Барои мардуми тоҷик муҳим нест, ки кадом созмони шубҳаноке Тоҷикистонро дар кадом мавқеъ ҷой додааст. Муҳим он аст, ки мардуми кишвар  Сарвари худро дуруст интихоб кардааст. Сарвареро, ки барои Тоҷикистон сулҳу оромӣ овардааст, миллатро сарҷамъ кардааст ва Ватанро обод мекунад. Тоҷикистонро бо роҳи демократия пеш мебарад.
Дар шароити ҳозира, ки наҳзатиҳо ниҳоят заифу нотавонанд, албатта ба ғайр аз дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат амали дигаре аз дасташон намеояд.    Танҳо бо таҳия ва паҳн кардани мақолаю хабарҳои туҳматомезу таҳқиромез бар зидди Тоҷикистон хоинона мубориза мебаранд. Рӯзҳои охир мавзӯи асосии мақолоти наҳзати дар расонаҳои хабарии ифротиашон маҳз сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо аст. Яке аз чунин мақолаҳои бадхоҳонаи наҳзатӣ зери унвони “Сафари таърихии таърихсӯзи миллат аз Аврупо оғоз ёфт” аст, ки муаллифаш ифротитарини ифротиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.
Тибқи хабари васоити ахбори умум имрӯз сафари  Президенти Тоҷикистон ба Аврупо оғоз ёфту наҳзатиҳои гурезаю террорист мисли мурғаки посухта ба аз тарс ба таҳлука  афтоданд. Тарс аз он доранд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Наҳзатиҳо сахт аз он метарсанд, ки эҳтимолан баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Зеро вақтҳои охир, хусусан баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани ТТЭ ҲНИ огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1131
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1612
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7713
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8669
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12150
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта43380
mod_vvisit_counterҲамагӣ4515478

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.