шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Хобу хаёли М.Садриддин

 

Тибқи хабари васоити ахбори умум имрӯз сафари  Президенти Тоҷикистон ба Аврупо оғоз ёфту наҳзатиҳои гурезаю террорист мисли мурғаки посухта ба аз тарс ба таҳлука  афтоданд.


Тарс аз он доранд, ки раҳбарияти кишварҳои аврупоӣ вазъияти Тоҷикистонро дуруст фаҳмидаанд ва тасмим гирифтаанд, ки бо Ҳукумати кишвари мо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба манфиати мардумони тоҷику аврупоӣ ривоҷ диҳанд. Наҳзатиҳо сахт аз он метарсанд, ки эҳтимолан баъди ин сафар муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир меёбад ва онҳоро дастгир мекунанду ба Тоҷикистон месупоранд, то барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Зеро вақтҳои охир, хусусан баъди ҷаласаи САҲА дар Варшава аврупоиҳо ҳам аз террористу ҷинояткор будани ТТЭ ҲНИ огоҳ шуданд ва онҳоро беҳтар шинохтаанд.

Дар шароити ҳозира, ки наҳзатиҳо ниҳоят заифу нотавонанд, албатта ба ғайр аз дуруғпароканию туҳмат кардани Ҳукумат амали дигаре аз дасташон намеояд.    Танҳо бо таҳия ва паҳн кардани мақолаю хабарҳои туҳматомезу таҳқиромез бар зидди Тоҷикистон хоинона мубориза мебаранд. Рӯзҳои охир мавзӯи асосии мақолоти наҳзати дар расонаҳои хабарии ифротиашон маҳз сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо аст. Яке аз чунин мақолаҳои бадхоҳонаи наҳзатӣ зери унвони “Сафари таърихии таърихсӯзи миллат аз Аврупо оғоз ёфт” аст, ки муаллифаш ифротитарини ифротиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.

Ин палидаки наҳзатӣ дар оғози навиштааш масъалаи ба муддати тӯлонӣ фаъолият доштани Раҳбари кишварамонро дар миён меорад ва аз арзёбиҳои кадом як созмони хориҷие дар хусуси мавқеи номуносиб доштани Тоҷикистон дар руйхати онҳо ҳарф мезанад. Аммо ба гуши кари М.Садриддин бори дигар мерасонем, ки Президенти Тоҷикистонро мардуми кишвар интихоб кардааст ва ин ҳуқуқро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Барои мардуми тоҷик муҳим нест, ки кадом созмони шубҳаноке Тоҷикистонро дар кадом мавқеъ ҷой додааст. Муҳим он аст, ки мардуми кишвар  Сарвари худро дуруст интихоб кардааст. Сарвареро, ки барои Тоҷикистон сулҳу оромӣ овардааст, миллатро сарҷамъ кардааст ва Ватанро обод мекунад. Тоҷикистонро бо роҳи демократия пеш мебарад.

Мағзи пучи М.Садриддин дарк намекунад, ки ин воқеиятро, яъне Президенти як кишвари озоду демократӣ будани  Пешвои миллати тоҷикро аврупоиҳо дарк кардаанд. Онҳо хуб медонанд, ки Сарвари давлати мо танҳо дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистон ҳастанд. Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Дигар М. Садриддин ё дигар наҳзатиҳо чи мегуянд, ягон арзише надорад, зеро гуфтаи онҳо ҳарфи террористон аст. Аврупоиҳо бошанд, аз терроризм безоранд. Онҳо бо Ҳукумати қонунӣ ва прогрессивӣ кор мекунанд.

Вобаста ба мақолаи “Вашингтон-пост”  ҳам наҳзатиҳо ва хусусан М.Садриддин беҳуда ҳаёҳу мебардоранд. Он ҳамагӣ як мақолаест, ки муаллифаш албатта аз ҳисоби ноогоҳию нодонӣ онро навиштааст. Агар аз вазъияти воқеии Тоҷикистон огоҳ мебуд, ҳаргиз онро таълиф намекард. Ба ҳар ҳол он чизеро тағйир намедиҳад.  Ҳамин гуна мақолаҳоро “Вашингтон-пост” нисбат ба раҳбарони кишварҳои дигар ва ҳатто худи президенти ИМА ҳам нашр мекунад. Бо нашри ин мақола ягон зараре ба Тоҷикистон нарасидааст, зеро он хато аст. Бо нашри ин мақола террористони наҳзатӣ ҳам ягон манфиате нагирифтаанд.

М.Садриддин илова бар террористу ифротӣ буданаш одати бисёр бади дуруғнависӣ дорад. Масалан, дар ҳамин мақола ҳам дуруғ менависад, ки гӯё дар конфронсу ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳрҳои Женева ва Варшава ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор гирифта бошад. Аммо ҳама шоҳидем, ки дар он ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванди вазъияти воқеиро баён карда, террористу ифротӣ будани наҳзатиҳоро фош карданд. Баръакс наҳзатиҳо дар он ҷаласа ба вазъияти бад гирифтор шуданд ва тирашон хок хурд. Натиҷаи он ҷаласаҳо буд, ки аврупоиҳо аз мақсадҳои аслии террористони наҳзатӣ ва ҷинояткор буданашон дурусттар огоҳ шуданд ва акнун рафторашон нисбат ба ин табоҳкорон дигар мешавад.

Он нафаронеро, ки М.Садриддин зиндониёни сиёсӣ ном мебарад, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Сайидов,  Муҳаммадалӣ Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров дар асл ҷинояткоронанд ва барои ҳамин дар зиндон қарор доранд. Ҷойи ҷинояткор зиндон аст. Масалан, имрӯз агар М.Садриддин ё Кабирию дигар ҳаммаслакони онҳо ҳам дастгир шаванд, ҳатман равонаи зиндон хоҳанд шуд. Зеро ҷинояту хиёнат содир кардаанд ва аз ин раҳи душманӣ барнамегарданд.

Ин ифротии бешарм кӯшидааст, ки Сарвари давлатро бо раҳбарони собиқи баъзе кишварҳои дигар муқоиса кунад ва бо ин роҳ сиёҳкории худро нисбат ба Тоҷикистон анҷом диҳад.  Аммо ин амали аблаҳонаи палидаки наҳзатӣ ҳам гуноҳи нобахшиданист. Зеро Раҳбари Тоҷикистонро бо он хизматҳое ки барои халқу Ватан кардаанд, бо раҳбарони кишварҳои барои М.Садриддин “ошно” муқоиса кардан танҳо як аблаҳист.

М.Садриддин чизҳоеро менависад, ки мисли хобу хаёл аст. Масалан даъвои вай дар бораи Гуфтушуниди Сарвари давлат бо Кабирӣ. Аблаҳтарин инсон ҳам чунин андеша надорад. Кадом Раҳбари давлат бо террорист ва ҷинояткору хиёнаткор гуфтугу мекунад? Террористу ҷинояткорони мисли Кабирӣ ва ғайра бояд дар маҳбас бошанду халос. Раҳбари давлат бо мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд, ки меҳнаткашанду дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида Ватанро обод мекунанд.

Баръакси навиштаҳои бемантиқи ин палидаки наҳзатӣ тамоми интихоботҳои замони истиқлолият шаффоф ва озодона буданд. Ҳайтаҳои нозир аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳамин давлатҳои аврупоӣ ҳам интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардаанд ва натиҷаҳои онҳоро эътироф намудаанд. Яъне туҳматзанию интихоботҳои дар кишварамон доиршударо мавриди шубҳа қарор доданҳои М.Садриддин аз як ҳарзагуие бештар нест.

 

Туҳматҳои дигари палидаки наҳзатӣ дар хусуси мавзӯи иқтисоди кишвар низ ягон асосе надоранд. Ҳама шоҳиданд, ки иқтисоду саноати Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Корхонаю иншоотҳои саноатӣ бунёд меёбанд, роҳҳою нақбҳо сохта мешаванд...

Дуруғи навбатии М.Садриддин вобаста ба он аст, ки гуё ТТЭ ҲНИ-ро кишварҳои хориҷӣ террористӣ эътироф накарда бошанд. Дар асл ин гуна нест. Тамоми кишварҳои аъзои ШОС ва ОДКБ, ки сокинонашон қариб нисфи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ эътироф кардаанд ва онро ба рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ ворид кардаанд.

Ба М.Садриддини аблаҳ мефаҳмонем, ки Сарвари давлат ҳаргиз ба меҳмонии шумо нарафтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва раҳбарияти Конфедератсияи Швейтсария ба Аврупо сафар кардаанд. Мутмаинем, ки мулоқотҳою чорабиниҳо зимни ин сафар дар сатҳи олӣ мегузаранд ва натиҷаашон ба фоидаи мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Аврупо хоҳад буд.

Ба М. Садриддин гуфтанием, ки беҳуда зур назанед ва оид ба ин сафари Раҳбари Тоҷикистон ба Аврупо дуруғу туҳмат нанависед. Зеро касе ба ҳарфи шумо гуш намедиҳад. Ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун террористони ҷинояткор медонанд ва маҳкум мекунанд. Навиштаҳоятон мисли хобу хаёл зуд фаромуш мегарданд.

 

Парвиз Собиров

 

Печать
PDF

Матлаби навбатӣ ва идомаи даъвифурӯшӣ

М. Садриддин матлаби навбатиашро ба масъалаи Радиои Озодӣ бахшида, дар ростои сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо лафзпардозӣ ва ҳангомасозӣ кардааст.


Ҳар замоне ки барои огоҳӣ ёфтан матолиби расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилиро мурур мекунем, дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, ба сели таҳқиру тавҳиноти пуриддаотарин матлабнависи наҳзатӣ ҷаноби М. Садриддин мувоҷеҳ мегардем. Ростӣҳазорон маротиба худро муваззаф сохтем, ки дигар ба ин навъ матолиб посух надиҳем ва нодида бигиремнамешавадАгар сукут ва хомӯширо ихтиёр кунемин тоифа ҳазорон тамғаи дигармисли “фабрикаи ҷавоб”-ро бар гарданат мезананд. Ногуфта намонад, ки ҳар кӣ алайҳи мутолиботи ин тудаи бадхоҳ чизе интиқодӣ бинависад, ҳатман тамғаи “фабрикаи ҷавоб”-ро мезанандаш. Бигзор, ифротиёни наҳзатӣ танҳо шумо ҳаққи интиқодоту таҳқиротро доред? Дигаронро ҳам бигзоредто дар нисбати матолиби интиқодиатон чизе нақдгуна интишор бидиҳанд.    Ба ин манзур, ба матлаби ахирии М. Садриддин иҷмолан посух медиҳем, ки чанд соати пеш дар сомонаи “Ислоҳ.нет”мунташир шудааст.

 

Кафкпаронию иддао ва манманиҳои М. Садриддин ба ин мазмун, ки: “бахши бузурге аз ҷамъияти Тоҷикистони кӯчак” будан ва “дар дохил ҳаводор ва ҳам дар Урупо фаъолияти озодона дорем ва мо оппозитсияи ин режими диктотур ҳастем” дигар ҳадду канор надоранд ва ӯ мисли ҳарвақта аз неруи ба истилоҳоппозитсионӣ тавсифу тамҷид мекунад ва ба қавли мардумӣ: “ба осмони ҳафтум мебарорад”. Ӯ дар ҳоле интиқодоти шадидуллаҳни худро дар самти сиёсати диктотурӣ рӯйи сафаҳоти пойгоҳи хабариаш мерезадки рӯйи диктотури исломи сиёсӣ тамаркуз ва хомафаросоӣ мекунадНеру ва ин ташаккулаи сиёсие, ки М. Садриддин дар листи он қарор дорад, дар асл, диктотурист. Ботин ва сиришти афроде, ки бар мабнои исломи сиёсӣ бебаркаш даъвою иддао мефурӯшанд, сад дар сад диктотурист. Ҳарфу алфози қабеҳеки аз забони МСадриддин “метаровад”, магар ба диктотурӣ иртибот надоранд? Тафовут танҳо дар ин астки ин неруи оппозитсонӣки бар асоси исломизм ё исломи сиёсӣ маъракагирии сиёсию идеологӣ ҷур кардааст, дар Аврупо ниёзу даъвиҳои салтанатхоҳию диктотуриашро дар либоси демукросӣ ва либеролизм пинҳон сохтааст ва мунтазири вазъият ва фурсати хуб мебошад. Гумон мекунам, ки як гурӯҳ созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша аз ин навъ чолишҳо суд ҷуста ва меҷӯянд. Дар ин миён ПМТ ва созмонҳои ба он марбуту наздик, ки имрӯз сарбаландона худро “оппозитсия ва неруи бузурги миллӣ” унвон дода, аз ҳисоби сармояҳои баъзе доираҳои минтақавӣ ва ғарбӣ дар Аврупо фаъолияти сиёсӣ ва минбардорӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳамаонҳо ҷузъи пружаҳои вежаи сиёсӣ буда, аҳдофу эҳтиёҷоти геополитикии созмонҳои манфиатдори аврупоиро бароварда месозанд. Аз ин лиҳозҳар як гурӯҳи мухолиф бо даъвигариҳои барзиёд ва ба- чолишкашиҳои мудавоми масоили сиёсӣиқтисодӣахлоқӣмаданӣ ва амсоли инҳо аз худ дарак медиҳад ва мунтаҳонақша-барномаҳои махсуси ҳориҷиро иҷро мекунадДар умумин навъ даъвию чолишҳо боиси ноҷурию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар мегарданд.

Масъала ё ба истилоҳ, қазияи Радиои Озодӣ ин қадар М. Садриддинро нигарон сохтааст, ки онро мушкилӣ худ дониста, бар алайҳи ҳукумат метозад. Албатта, ки М. Садриддинро вазъи озодии мамлакат ҳеҷ нигарон намесозад ва Радиои Озодиро танҳо ба он хотир пуштибонӣ мекунад, ки нисбат ба фаъолиятҳои ПМТ ва тими мухолифин матолиби интиқодӣ интишор намедиҳад. Ва воқеият ҳам ҳамин аст, ки Озодӣ ба ин масоил (интиқоди тими наҳзатӣ) худро даргир намесозад ва то имрӯз ҳеҷ матолибе интишор надодааст, ки характери интиқодӣ ва таҳлилӣ дошта бошанд. Бинобар ин, масъалаи муҷаввиз надодани чанд корманди радио барои М. Садриддин “доғ” шудааст.

Бигзарем, баъзе масъулин ва матлабнависони бахши тоҷикии дафтари “Озодӣ” ҳам аз ҷурму гуноҳ мубаррою муназзаҳ нестанд ва онҳоро “мусичаи бегуноҳ” ҷилва додани М. Садриддин ҳатман сирре дорад. Дигар ин ки то ҷое бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҷрои худ бурун рафта, ба ҷойи фароҳам овардани шароити ҳамзистӣ ва рушду тавсеа додани фазои бози фикрию иттилоотӣ ба парокандани иғвою дасисаҳои навбатӣ иштиғол меварзад. Бар илова, Озодӣ ба пуштибонии М. Садриддин ва афроде мисли ӯ ниёз надорад ва мушкилоти он дар доираи қонунгузорӣ имрӯз не, фардо ҳаллу фасл мегардад. Мусалламан, дар тамоми дунё бархӯрдҳои давлатӣ бо расонаҳо ба назар мерасанд ва талаботи низоми давлатдории дунявӣ ҳамин аст. Аммо аз як масъалаи кучак қазияи бузург сохтан танҳо ба формати фаъолиятҳои гурӯҳҳое иртибот мегирад, ки ҳатман ният ва ҳадафи муғризонаеро дунбол мекунанд.

Фаридун Ориёӣ

Печать
PDF

Дипломатияи комёби тоҷик

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.


 

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвардаи даврони Истиқлолият  аст. Аз тамоми давраҳои буҳрони давлат гузашта, дипломатияи тоҷик ифодагари манфиатҳои миллӣ ва  посухгӯи замон гаштааст. Сафари ахири Пешвои миллат ба кишварҳои калидӣ ва тасмимгирандаи сатҳи ҷаҳонии Аврупо аз он далолат мекунад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо фатҳ кардани уфуқҳои ҳудуди кишварҳои наздик ва аъзои ИДМ, дипломатияи самти аврупоиро ба арши аъло фаро мегирад. Пазируфтани ин амр барои бегонагон муҳол аст, ки 30 сол пеш Тоҷикистон  ҳамагӣ 7 дипломат дошт, ки онҳо бо корҳои дуюмдараҷаи ташрифотӣ машғул буданд ва асосан дар қабули гусели меҳмонони хориҷӣ, ки тавассути шаҳри Душанбе ба Москва мерафтанд, саҳмгир буданд. Рушду нумӯи дипломатияи тоҷик танҳо дар замони Истиклолият он ҳам бо заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати роҳбарӣ ва кории Вазорат ба вуқӯъ пайваст. Асосгузори дипломатияи навини тоҷик –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки санги таҳдоби Вазорати корҳои хориҷиро гузошт ва 29-уми сентябрро Рӯзи дипломатия эълон намуд. Ба асли мавзӯъ агар баргардем, аз пешрафти бесобиқаи дипломатияи тоҷик ҳама хушнуданд, ба истиснои аъзои раҳбарии ҳизби мамнӯи наҳзат, ки дар хориҷи кишвар бо такя ба ҷаҳлу таассуби фарогири  асримиёнагӣ, таблиғотро бар зидди дипломатияи фаъол ва устувори ҶТ ба роҳ мондааст. Наҳзатиҳои ҳеҷкораи ҳамадон намедонанд, ки сохторҳои дипломатӣ ва масоили сиёсати улвии хориҷӣ  ба ҳамаи миллат марбутанд ва барои ҳифзи тамомияти арзӣ, якпорчагии ҳудудӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони дар хориҷа буда равона шудаанд. Ҳамин наҳзатиҳо чун кундзеҳн ва чалласавод мебошанд, намефаҳманд, ки муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ  дар хизмати онҳоянд ва ҳамкорӣ бо онҳо барои сиёсиюни оворагард як амри зарурист.

Дар Европа мактабҳои зиёди дипломатӣ ва лоиҳаҳои гуногуни геополитикӣ зуҳур кардаанд ва марҳилаи пайдоиш, инкишоф ва суқутро паймудаанд.  Дар раъси яке аз ин мактабҳо - Николо Макиавелли, сиёсатмадори асри 15 ва 16-уми Европа меистад, ки дар китоби машҳураш «Давлатмард» роҳҳои сиёсати амалиро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Мавқеи ӯ дар шиори «Барои расидан ба ҳадаф ҳамаи воситаҳо хубанд» сару садоҳоро на танҳо дар афкори оммаи аврупоӣ, балки ҷаҳонӣ ҳам ба вуҷуд овард ва то ҳол ҳамчун нишонаи бадтарини татбиқи сиёсат ва давлатсозӣ шинохта мешавад. Тарафдори ин сиёсат ҳоло наҳзат аст.

Аврупо бояд тавозунро дар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба бо ниҳодҳои расмӣ ва созмонҳои мухолифини Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ва пуштибонии моливу маънавӣ аз ташкилотҳои ифротӣ, ки ба ҳар баҳона дар Европа қарор доранд, ҷузъи фаъолияти ҳозираи дипломатии Аврупо -ро ташкил мекунад. Ин дипломатия бар суннати қадимии аврупоӣ такя накарда,  бо минбар додан ба ташкилотҳои ифротӣ маҳдуд мешавад, ки дар ин робита, сифат ва кайфияти робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчун ягона ифодагари қонунӣ ва табии халқ латма мезанад. Дар дурнамои наздик, ин омил ба  болоравии  сатҳи ифротият ва таассуб дар ҷомеаи ғарбӣ ва дар марҳилаи ниҳоӣ барои шаклгирии афкори оммаи зиддимиллӣ, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳолат назорат ва хунсо кардани таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада, ки ношӣ  аз эътиқоди ҷангии наҳзатианд дар оянда,  номумкин хохад шуд.

Аврупоиҳо бо тавсияи чанд нафар маъмур ва коршиноси худ, ки аз Точикистон хабар надоранд ва ё ки сатҳӣ ба масъалаҳои дипломатӣ бархӯрд мекунанд, ба ниҳодҳои ҳукуматӣ муносибати дугона ва ё дар баъзе мавридҳо хасмона дорад. Кор то ҷое расидааст, ки ниҳодҳои расмии давлатиро монда, мавқеи онҳоро дар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба инобат нагирифта, бе андозаи муайян мафтуни  аъзоёни фирории ҲНИ дар Европа шудаанд. Касе ба мавқеи ниҳодҳои дипломатии тоҷик гӯш намедиҳад, ки аъзоёни наҳзат бо ангезаву сабабҳои иқтисодӣ, яъне молу бозорёбӣ ба Европа ҳиҷрат кардаанд ва ҳамчун субъекти баҳсу мунозираи сиёсӣ аслан дар афкори оммаи дохилиҷумҳурӣ шинохта ва пазируфта намешаванд. Ҳизбе ки пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, ғояи динӣ ва мақоми волои Худоро ба инҳисори ҳизбӣ гирифта, мусулмон будан ва набуданро бо доштани билети партиявӣ марбут донистааст, наметавонад, баёнгари манфиати умуихалқӣ дошта бошад.  Ин созмонест ки дар асоси тахайюли бофтаву сохтаи як хонавода таъсис ёфта, он ҳам аз нуқтаи назари эътиқодӣ заиф ва парешон фаъолияти зиддимиллиро пеш бурда истодааст. Муомила бо рӯҳонияти таассубзада ва ақибгаро хавфу хатари ҷиддиро барои давлатсозӣ эҷод мекунад. Афроди  наҳзатӣ бинобар пойбандӣ ба ҷаҳлу таассуб ва якҷониба андешидан, дар таркиби давлат ба ҳайси сутуни 5-ум ҳамеша хизмат кардаанд. Андешаҳои нодурусти баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ воқеиятро баён намекунанд, зеро ҳамаи омилҳои рушдро дар муносибати кишварҳо ба назар нагирифтаанд. Дидгоҳи якҷониба ва яксӯбинонаи дипломатияи Аврупо нисбат ба созмонҳои эътирофшудаи ифротӣ-даҳшатафкан таҷдиди назар мехоҳад.

 

Рашид Султонзода, таҳлилгари масоили дипломатия.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1121
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1612
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7703
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8669
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12140
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта43380
mod_vvisit_counterҲамагӣ4515468

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.