ИҒВОГАРӢ ДАР ҚОЛАБИ ГУЗОРИШИ ХАБАРӢ. Изҳороти Кумитаи тадорукоти Ҳамоиши байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»
ДУШАНБЕ, 02.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мусаллам аст, ки расона (media) дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ (идеологӣ) хидмат карда, на танҳо афкори умум месозад, балки рисолати фарҳанггустарӣ ва ҳувиятсозӣ низ дорад. Аммо, чуноне ки мушоҳида мешавад, гурӯҳе аз расонаҳо (махсусан, расонаҳои хориҷӣ ё хабаргузориҳое, ки тавассути сармоягузории беруна таъсис ёфтаанд), рисолати фазосозии эътидолӣ ва ҳувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостаҳои сиёсию геополитикӣ иттилооти ғараздор ва иғвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи минтақаро ошуфта сохта, дар байни табақаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳоро ба вуҷуд биёранд ва аз тариқи расона афкори ҷамъиро ҳамеша таҳти таъсир қарор бидиҳанд. Дар феҳрасти чунин навъи расонаҳо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қарор дорад, ки бо имконоти бартари васоити фаннию техникӣ ва иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, тавассути матолиби мултимедӣ муҳит ва ҷуғрофиёи расонавии ватанӣ ва минтақавиро тасхир намудааст.
Муфассал... Шарҳ додан
Президент РТ Эмомали Рахмон едет в Европу
На следующей неделе президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетит Швейцарию, Чехию и Францию, а также не исключено посещение других стран Европы.
Предстоящая поездка Президента Таджикистана Э.Рахмона даёт основания полагать, что страны Европы поддерживают политический курс Правительства Таджикистана. В предстоящей поездке, по мнению экспертов, Президент Э.Рахмон намеривается обсудить вопросы обеспечения региональной безопасности, охраны границы, торгово-экономического сотрудничества, а также сотрудничества в области науки, образования и культуры. Данный рабочий визит в Европу является запланированным и имеет официальный статус. Президент Республики Франция Э.Макрон, еще в начале 2019 года приглашал Президента РТ Э.Рахмона посетить с официальным визитом 5-ую республику. Следует отметить, что общий объем прямых инвестиций из Франции в экономику Таджикистана с 2007 по настоящий время составил $86,6 млн. Торгово-экономические отношения между странами укреплялись с каждым годом, что способствовало росту взаимного товарооборота.«Озодӣ»: аз дирӯз то имрӯз дар як масир
Радиои Аврупоии Озод/ Радиои Озодӣ, ки тайи солиёни тӯлонӣ фазои иттилоотии моро таҳти фишори иттилоотӣ қарор додааст, қабл аз ҳама, лоиҳа ё ба истилоҳ, пружаи хориҷӣ буда, бунёд, ҳадаф ва мароми гурӯҳҳои манфиатдори минтақавӣ ва сиёсатҳои фароминтақавиро дунбол мекунад. Зимнан, сабки кор, тарзи ҷамъоварӣ ва таҳияи матолиб, таъйину табодули маълумот, баҳисобгирии дақиқи мавзӯъот, муҳтавиёти таваҷҷуҳбарангези мавод, фаврияти хабар ва билохира равиши пахши хабару иттилооти расонаи «Озодӣ» тибқи реҷаи махсуси корфармоёни хабаргузорӣ роҳандозӣ ва замонбандӣ шуда, мувофиқи муқтазиёти сиёсӣ ва стратегии раҳбарият ва мудирияти он матолиби характери гуногундошта дар вақту замони муайян ва мушаххас расонайӣ мешаванд. Ин шеваи мудирият ва фаъолият, ки одатан дар дигар расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ (хусусӣ ва мустақил) ҳам ба назар мерасад, аз дигар расонаҳо бо ба вуҷуд овардани вазъи ноамнӣ,