Наҳзатиҳо ҷузъе аз ДИИШ-анд?!
Тавре маълум, аз 16 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава ҳамоиши солонаи САҲА оид ба меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар доир гардид. Худи ҳамон рӯзи ҳамоиш бо ном чанде аз намояндаҳои оппозитсиюни тоҷик (дар асл онҳо оппозитсия нестанд), аз ҳузури хеш дар ҳамоиш худситоӣ карданд.
Фошгӯиҳои Абдулло Раҳнамо
Чун бо ёвагӯиҳои ин теъдод аз аслбохтаву худобехабару худфурӯш аз азал ошноам, аз сару садобаландкуниҳояшон зуд дарк кардам, ки чунин шеваи гуфтори хашинашон танҳо василаи ором карданиқалби пур аз кину сиёҳи онҳосту бас. Аз сӯи дигар, бояд назди хоҷагонашон ҳар сенту еврои хӯрдаашонро ҳисобот диҳанд ва барои фаъолияти ояндаву грантгирӣ роҳро ҳамвор созанд.
Аз суҳбати коршиноси масоили сиёсӣ, мушовири раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамобо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”(№41, аз 9 октябри соли 2019), ки узви ҳайати давлатӣ дар ҳамоиши мазкур буд, пурра итминон ҳосил кардам, ки он тӯдаи мухолифу “музокиротҷӯ”, чанде аз гумроҳзадаву ҷодагумкардаанд, ки аз карда пушаймону роҳу воситаи музокирот меҷуянд.
Абдулло Раҳнамо зимни суҳбат бо хабарнигор оқилонаву одилона зоҳиру ботини онҳоро фош карда, хулоса кардааст, ки “Мухолифон ҷониби музокира нестанд.”Бале, тӯдаи инсонношиносу кӯрзеҳн, тангдилу хоҷапараст, ки алфози қабеҳ бар забону дилҳои торик доранд, магар метавон бо ин теъдод сари мизи музокирот нишаст? Ҳеҷ гоҳ! Ҳарчанд ин теъдод худро олиму орифи исломӣ мепиндоранд, аммо дар асл рафтору гуфтор, муомилаву муносибати зишти эшон нишонгари он аст, ки ин теъдод бозичаи дасти бегонагонанд.
Ин теъдод аз ҳилагару маккор магар фаромӯш кардаанд, ки замоне маҳз ҳамин тирасарон бо тиру тӯпи бегонагон хонаи тоҷик сӯхтаву садҳо ҷавонмардони тоҷикро ба ҳалокат расонида,садҳои дигарро бегона дар ватану дур аз ватан гардонида буд. Агар Сарвари давлат нақшаи сулҳ тарҳрезӣ намекарданд, яқин буд, ки ин тирасарон имрӯз дар ҳайати ДИИШ-у “Толибон”майдонтозӣ доштанд.Роҳбарони наҳзат бо дастури хоҷагонашон хостанд аз ҳузури гурезаҳои тоҷик дар Афғонистон суиистифода кунанд, аммо бозгашти дастаҷамъонаи гурезаҳои тоҷик, ки бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, аҳдофу мақсадҳои шуми мухолифони ҷангҷӯ ба бод дод.
Мухолифон неруи қавӣ дорад?
Як тан аз узви мухолифин Шоҳнаими Карим (Кузов) дар суҳбат бо як нафар аз собиқ наҳзатиҳои ба ватанбаргашта изҳор доштааст, ки “Онҳо неруи қавӣ доранд ва танҳо дар ҳолати зарурат метавонанд ҳукумати Тоҷикистонро водор ба музокирот кунанд.” Аз чунин тарзи гуфтори наҳзатии хуношом чун оина рӯшан мегардад, ки ин теъдод аз хуни инсонӣ сернашуда хоҳони дигарбора ба хоку хун кашидани Тоҷикистони биҳиштосоянд. Аммо ғофил аз як чизанд: бо ҳамон шеваи хуношомӣ дар хуни худашон ғалтон хоҳанд гашт. Зеро ҳар кӣ рӯи раҳи дигарон чоҳ мекобад, ногузир худ рӯзе не рӯзе ба чоҳи кандааш сарозер меафтад. Ин гуфтаҳо на пешбиниву пешгӯйӣ, балки аз таҷрибаи талхи гузашта ҳосил шудааст, ки бадхоҳи касон асло ба мақсад нарасад...
Шояд Шоҳнаиму дигар аз роҳбарони наҳзату ҷонибдоронашон, ки дар маҷмӯъ ҳамагӣ 10-12 нафаранд, ба гурӯҳҳои тахрибкори дар Афғонистонбуда – “Толибон”-у бо ном ҷангандаҳои Давлати исломӣ такя доранд?! Бале, дар ин гуфтаҳо ҳеҷ ҷойи шакку тардид нест, зеро ин теъдод аз худхӯрдаҳои худро опозитсияэълонкарда, ки зери домони хоҷагони ғарбиву шарқиашон панаҳ мебаранд, ҷузъе аз Давлати исломиву “Толибон”-анд. Дар маҷмӯъ, ҳар созмону ҳизбу ҳаракатҳои исломии тундраве, ки дар ҷаҳон арзи ҳастӣ доранд, хоҳунохоҳ аз ДОИШ пуштибонӣ мекунанд.
Тири Бен Лодин хок хӯрд
Чанд сол пеш ҷиҳати иштирок дар яке аз конфронсҳо, ки мавзӯи терроризми ҷаҳонӣ матраҳ буд, сафари Покистон доштам. Баъд аз анҷоми конфронс, як нафар аз таҳлилгари покистонӣ(бо дархости ӯ аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунам), ки аз масоили сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ хуб огаҳ буд, дар суҳбати хосса факти хеле аҷиберо бароям қисса кард: ба андешаи ӯ,нақшаи сохтори Давлати исломӣ ҳанӯз солҳои қаблӣ дар Покистон бо пешниҳоду тавсиаи Усома бинни Лодин тарҳрезӣ гашта буд ва мебоист маркази будубоши ин давлати сияҳкор на дар Сурия, балки дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистонрӯйи кор меомад ва кишварҳои Афғонистону Покистон ва чинҳои уйғурӣ бунёдгузорони Давлати исломиро кумаку дастгирӣ мекарданд. Вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз гашт, аксар хуб огаҳанд, ки дар минтақаи Вахшонзамин ҷангандаҳои Гулбиддини Ҳикматиёрҳамроҳ бо муздуронашон Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳир Юлдошев (шаҳрвандони Ӯзбекистон) роҳбаладу фармондеҳи мухолифин буданд, ки ҳамаро саросар аз дами теғ мегузарониданд. Ҳатто дар он замон нақшаи ҷой додани гурезаҳои тоҷик дар қаламрави Афғонистон ва ҳамчун сипари зинда мавриди истифода қарор додани онҳо миёни сарони наҳзати исломии Тоҷикистон ва Афғонистону намояндаи Усома тарҳрезӣ шуда буд. Воқеаҳои баъдӣ тибқи сенарияи қаблан омодагаштаи наҳзатиҳою хоҷагонашон амалӣ гашт: мардуми минтақаи Вахшонзамин дарёи Омуро убур карда, сарзамини Афғонистонро барои худ паноҳгоҳи бехавф қарор доданд. Собиқ гурезаҳо қисса мекунанд, ки роҳбарону фаъолони наҳзати исломии Тоҷикистонро намояндаҳои Ал-Қоида бо парчами ташкилоти террористӣ истиқбол гирифтанд. Баъдан машқу тамрини ҷангиёни тахрибкори ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар лагерҳои ҷангии Покистон оғоз гашт.
Дар анҷоми гуфтор таҳлилгари покистонӣ шукрона кард, ки бо ибтикор ва ташаббуси Роҳбари давлати тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расиду ҳадафҳои олуда бо ғарази ҲНИ ва хоҷагонашро барбод дод.
Бале, метавон ба ин гуфтаҳои таҳлилгари покистонӣ розӣ шуд. Зеро ҳарчанд мухолифин худро як ҷониби сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд, аммо пайваста аз хоҷагонашон, ки дар сар андешаву афкори таъсису ташкили Давлати исломиро доштанд, дастуру супоришу пулу мол мегирифтанд ва мақсад доштанд то базаву заминаи мустаҳками таъсиси Давлати исломиро дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ кунанд. Воқеан ҳам, мухолифони ношукру носипос замони барқарории сулҳу оштӣ ниқоби сулҳ бар рӯй доштанд ва аз ҳаракату рафтору гуфторашон яқин маълум буд, ки ин тоифа аз бадандеш хайрхоҳи миллату кишвар нестанд.
Мегӯянд, ки забони дузду ғар дароз аст. Кабириву чанд нафарак аз пайравонаш шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук ва сомонаҳои бадбуяшонро ба минбари иғвою дасиса ва таскини қалбҳояшон табдил дода, рӯз то бегоҳ амсоли сагҳои дайдую гургони гурусна фарёду уллос мекашанд. Бале, уллосу фарёди онҳо аз тарси ҷон асту бас!
Дар анҷоми гуфтор, дубора руҷӯъ мекунам ба гуфтаҳои таҳлилгари покистонӣ: Наҳзатиҳо ҷузъе аз қаноти ДИИШ-анд. Пас, агар чунин аст, метавон ба пешниҳоди Абдулло Раҳнамо роҷеъ ба таъсиси платформа ҷиҳати мубориза бо падидаи ифротгаройӣ розӣ шуд. Бовар дорам, ки садои муштараки ҳар шахси хайрхоҳу ватандӯст ҳар гуна мақсаду нияти нопоки бадхоҳонро ҳадафи хок хоҳад кард.
Зубайри Бахтовар,
таҳлилгар
бознашр аз рӯзномаи “Тоҷикистон”
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!
Иброҳим Усмонов: Худшиносӣ тӯфон буд!
Аввалин қонуни забони тоҷикӣ 30 — сола шуд
30 сол қабл, 22 июли соли 1989 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон ба тассиб расид. Қабули ин қонун натиҷаи ҳаракатҳои худшиносии авохири солҳои 80-ум буд, ки бозсозии горбочёвӣ ба он замина фароҳам овард. Оид ба тасвиби ин қонун бо профессор Иброҳим Усмонов, ки муаллифи аввалин пешниҳод дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ мебошанд, ҳамсуҳбат шудем.
-Соли 1988 масъалаи тағйироти Конститутсияи СССР ба вуҷуд омад ва баҳсу мунозираҳо атрофи он оғоз шуд. – Воқеаҳои 30 сол қаблро ба ёд меорад, профессор Иброҳим Усмонов, — Он шабу рӯз ман аз Нурулло Ҳувайдуллоев пурсидам, ки оё мо метавонем дар заминаи тағйироти Конститутсияи СССР пешниҳод кунем, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад? Он кас посухи мусбат доданд. Ман як мақола навиштам, ки он таҳти унвони “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва моҳи ноябри соли 1988 дар “Газетаи муаллимон” ба нашр расид. Дар ин мақола пешниҳод кардам, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Баъди як ҳафта ё даҳ рӯз мақолаи Муҳаммадҷон Шукуров (Шакурӣ) дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” чоп шуд. Муаллим пешниҳод мекарданд, ки дар кишвари мо ба се забон – русӣ тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Он кас пешниҳоди худро ба он шарт асоснок мекарданд, ки Ӯзбекистон низ ба ин се забон мақоми давлатӣ диҳад. Ин нуктаи назар хуб аст, аммо оё давлати дигар ба ин розӣ мешавад?
Баъди ин ба дастгирии мақолаи ман ва муаллим Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад, Адаш Истад ва дигарон мақолаҳо нашр карданд ва ҳамин тавр фазои худшиносии миллӣ дар пояи забони тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
-Чаро маҳз забон василаи ҳаракатҳои бедорӣ ва худшиносии миллӣ гардид?
-Дар тамоми ҷаҳон масъалаи асосии худшиносӣ ба забон дахл дорад. Худшиносӣ аз муайян кардани муносибати худ ба забони модарӣ сар мешавад. Медонед, як чизи барои ман душворқабул ин аст, ки дар адабиёти ҳазорсолаи мо, ки боиси ифтихори мост, дар масъалаи забони модарии мо худшиносӣ нест. Дар адабиёти классикиамон ягон адибе надорем, ки забонро ба сифати забони шахси аввал, яъне забони худаш ё шахси дувум – забони ҳамсуҳбаташ ёдовар шуда бошад. “Тоҷик” ҳаст. Масалан, Саъдӣ мегӯяд:
Турки ту бирехт хуни тоҷик
Ё Навоӣ:
Бад-он миҷгони тоҷиконаву чашмони туркона.
Мавлавӣ:
Турки куну чустӣ кун, на нармиву тоҷикӣ.
Аммо касе нагуфтааст, ки ту тоҷик ё ман тоҷик, ба ғайр аз Байҳақӣ, ки дар асараш “мо тоҷикон” мегӯяд. Яъне, худшиносӣ ба маънои забон дар мо набуд. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки номи забонамонро иваз карданд. Ин чиз ба ӯзбекҳо низ дахл дорад, онҳоро низ “ӯзбек” не “турк” мегуфтанд. Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ муассиси Маҷаллаи “Оина” ва рӯзномаи “Самарқанд” забони нашрияҳояшро “туркӣ” ва “форсӣ” гуфтааст, на “тоҷикӣ” ва “ӯзбекӣ”. Аввалин рӯзномаи шӯрои тоҷик “Шӯълаи инқилоб” ҳам забонашро форсӣ гуфтааст. Яъне, мо мардуми Осиёи Марказиро бо сабаби набудани худшиносиамон, маҳдуд мекарданд, забонамонро ба худамон намедоданд. Худшиносии миллии тоҷикон дар асри ХХ шурӯъ шуд. Аввалин худшиносиҳои тоҷикона аз “Шӯълаи инқилоб”-и Саидризо Ализода сар шуд, ки “мо тоҷикон” гуфта корро оғоз кард. Баъди ин устод Айнӣ ин равандро тезонид ва дар асоси номи повести эшон рӯзномаи “Овози тоҷики камбағал” ба вуҷуд омад. Яъне, худшиносии тоҷикӣ аз соли 1924 шурӯъ шуд ва солҳои 1927-1929 аввалин талошҳо дар атрофи забони тоҷикӣ, решаҳои он ба вуҷуд омад. Ҳамчунин, посух ҷустан ба суоли мо кистем, пайдо шуд. Хушбахтона, дар даврони бозсозиҳо, талоши асосии сиёсии мо дар атрофи забони тоҷикӣ сурат гирифт. Яъне, мо талаб кардем, ки бояд забони мо қонунӣ бошад. Ман боифтихор солҳои 86-90-ро ба хотир меорам, ки мардум дар толорҳои консертӣ зери сурудҳои иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшо Шодиев муттаҳид мешуданд ва ифтихори миллиашонро нишон медоданд.
-Муносибати давлатмардон, масалан Қаҳҳор Маҳкамович ба бедориҳо ва қабули Қонуни забон чӣ гуна буд?
-Қаҳҳор Маҳкамов тарафдори қабули Қонуни забони тоҷикӣ буданд ва дар ин чиз нақши барҷастаро Муродуллоҳ Шерализода бозиданд. Шерализода шахси донишманд, ором ва созишгар буданд, аз ҳама муҳим эшон Маҳкамовро бовар карда тавонистанд, ки дастгирӣ кардани Қонуни забон ба фоидаи он кас ва кишвар аст. Лекин дар ҳукумат онҳое ҳам буданд, ки гузаштан ба забони тоҷикиро ақибравии иҷтимоӣ арзёбӣ мекарданд. Ин фикр аз як сухани Хрушёв сар зада буд. Вай соли 1963 гуфта буд, ки яке аз шартҳои сохтмони ҷамъиятӣ коммунистӣ нағз донистани забони русӣ аст. Ҳатто он солҳо ақидае буд, ки азбаски дар Тоҷикистон забони русиро нағз намедонанд, раванди сохтмон ба кундӣ пеш меравад. Яъне, протсеси истеҳсолиро ба донистани забон рабт медоданд. Баъди Хрушёв расме пайдо шуд, ки кадри хуб бояд ҳатман русзабон бошад ё хуб русӣ ҳарф задаву навишта тавонад, оилаи интернатсионалистӣ дошта бошад ва ғайра, ки ин сиёсати нодуруст буд. Ҳамин тавр, муқовиматҳо аз ҷониби давлатмардон буданд, аммо худшиносии миллӣ дар инқирози Шӯравӣ тӯфон буд ва пеши роҳи тӯфонро гирифтан имкон надошт. Қаҳҳор Маҳкамович бо вуҷуди он ки аз тоифаи роҳбарон буданд, аммо ба ҳаракатҳои худшиносӣ назари нек доштанд. Як воқеаро мисол меорам. Дар ҳамон солҳо ман декани факултаи филология будам. Ба унвони ман аз шаҳри Насаф, аз Қаршӣ як муаллим мактуб навишт ва ман ин мактубро дар “Газетаи муаллимон” чоп кардам. Ӯ мегуфт, ки дар Қаршӣ факултети забон ва адабиёти тоҷик кушодем, барои харидории китоб ба мо кумак кунед. Баъди ин ба унвони ман китоби зиёде омад, мо ният доштем, ки китобҳоро моҳи ноябр ба Қаршӣ барем. Қабл аз рафтанамон ба ман ёрдамчии Маҳкамов занг зада гуфт, ки Қаҳҳор Маҳкамович низ аз маошашон 500 сӯм барои харидорӣ кардани китоб маблағ ҷудо карданд. Шояд имрӯз 500 сӯм, пули кам намояд, аммо он замон, ки нархи як китоб 50-60 тин буд, ин маблағи калон ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тавр, мо китобҳоро харидорӣ карда, ман ҳамроҳи ёрдамчии Маҳкамов ва журналист Аваз Юлдошев ба Қаршӣ бурдем. Моро роҳбарияти ноҳия ва донишгоҳ дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтанд. Яъне, истиқрори забони тоҷик фаротар аз Тоҷикистон шурӯъ шуда буд. Баъди ин аз Бухоро як мактуби дигар омад. Дар он аз мо талаб мекарданд, ки барои факултети забон ва адабиёти тоҷик муаллиме фиристем, ки аз фанни таърихи забон ва адабиёти тоҷик лексия хонад, мо Шаҳбоз Кабировро фиристодем. Соли 1990 таҷрибаомӯзии донишҷӯёни мо дар манотиқи тоҷикнишини Ӯзбекистон гузашт… Ҳамаи ин ба шарофати бедориҳое буд, ки дар атрофи забони тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
-Иброҳим Кенҷаевич, чаро солҳои тӯлонӣ вақте сухан аз тасвиби Қонуни забон мерафт, номи шуморо, ки дар саргаҳи ин ташаббус меистад, фаромӯш карда, аз дигарон қаҳрамон месохтанд?
-Ҳатто дар маҷмӯаи “Дарси хештаншиносӣ”, ки ин мақолаҳо дар он гирдоварӣ шудааст, мақолаи маро сарфи назар карданд. Ман он вақт чизе намегуфтам, зеро он замон кӣ бори аввал пешниҳод кард, муҳим набуд, муҳим он буд, ки Қонуни забон татбиқ шавад. Аммо баъдан вақте ки аз баъзеҳо қаҳрамон сохтанӣ шуданд, ман гуфтам, ки ин пешниҳод нахуст аз ман буд.
-Дар қонуне, ки соли 1989 ба тасвиб расид, забони мо тоҷикӣ-форсӣ номида шуда буд. Муносибати шуморо ба “форсӣ” номидани забони “тоҷикӣ” медонем. Ба андешаи шумо, чаро дар Қонун забони мо бо чунин таркиб ифода ёфт?
-Конститутсияи якуми мо, ки соли 1991 бо роҳбарии Нурулло Ҳувайдуллоев ба навиштани он шурӯъ шуд ва он қабул нагардид, зиёдтар ба истилоҳоти тоҷикӣ такя мекард. Вале конститутсияи дувум, ки баъдан ба тасвиб расид, бештар аз истилоҳоти русӣ таркиб ёфта буд. Дар тайёр кардани конститутсияи соли 1991 таъсири забони форсии Эрон зиёд шуд, зеро дар он вақт рӯҳияи умумиллии тоҷикӣ такя дошт ба эронпарастӣ. Эронпарастӣ хуб аст ё бад? Агар эрони қадимӣ ва таърихӣ бошад, хуб аст, аммо агар Эрон гуфта, мо ҷумҳурии исломии имрӯза, яъне марзҳои сиёсиро ба назар гирем, бар зарари мост. Як гурӯҳи калони интеллгентсияи мо ҳамроҳи онҳое, ки ҳизби имрӯза мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкил кардан мехостанд, барои меъёр забони эронро пешниҳод карданд: додгоҳ, додситонӣ, қонуни асосӣ. Маҳз бо таъсири ҳаминҳо он ҷо забони мо тоҷикӣ –форсӣ ёдоварӣ шуд. Чун сухан аз номи забон рафт мехоҳам, қолаби забонро низ муайян кунем. Чаро муҳим аст, ки мо забони худро мушаххас – тоҷикӣ гуем.
Дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон аз соли 1742 забони давлатӣ форсӣ ном дошт. Ҳатто пас аз ташкил ёфтани давлати инқилобӣ дар соли 1919 забони расмӣ форсӣ ном гирифт. Вале соли 1936 нуфузи паштуҳоро ба назар гирифта, забони паштуиро низ давлатӣ карданд. Ҳамин тавр, бо қудрат ёфтани паштуҳо мавқеи забони тоҷикӣ паст шуд. Дигар ин ки аз миёни меросбарони забони мо давлати Эрон пурқудрат аст. Худо ба қудраташон афзояд, маҳз ҳаминҳо маданияту фарҳанги муштараки моро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, аммо инҳо ҳар чизе, ки ба тамаддуни форсӣ дахл дорад, моли хеш ҳисобиданд ва онро ба давлати Эрон нисбат доданӣ шуданд. Афғонҳо ин чизро дарк карда, номи забони худро “дарӣ” эълон карданд, яъне ба асл баргаштанд. Соли 1928 мо қариб ба ин ғалат роҳ дода будем. Бузургии устод Айнӣ дар ин аст, ки эшон ин масъаларо дарк карданд. Он кас нагуфтаанд, ки мо муқобии “форсӣ” ҳастем, балки андешаи эшон чунин буд, ки забони сода, фасеҳ ва тоза тоҷикӣ аст, забони форсии Эрон бошад, вайрон шудааст, дар он падеж- эъробҳои арабӣ, ҷамъбандиҳои арабӣ зиёд аст, ки мардум онро намефаҳманд. Мо тоҷикӣ гуфта ҳамон забонеро дар назар дорем, ки дар Осиёи Миёна таваллуд шуда, камол ёфтааст. Соли 1990 маҳз кӯшиши такрори ин иштибоҳ сурат гирифт ва хостанд, ки истилоҳоти форсии эронро ба мо кӯчонанд…
-Беҳтар набуд, ки аз истилоҳоти ба қавле интернатсионалистӣ дида, истилоҳоти тоҷикӣ – форсиро мавриди истифода қарор диҳем. Масалан, ба ҷойи прокуратура – додситонӣ, суд – додгоҳ, конститутсия — сарқонун…
-Масъалаи истилоҳот бояд дар заминаи баҳсҳои илмӣ дида баромада шавад. Вақте истилоҳи зарурӣ ва барои мардум фаҳмо қабул мешавад, ман тарафдор, аммо вақте кӯр-кӯрона пайравӣ мекунем, не. Ман дар масъалаи истилоҳи Конститутсия як мисол меорам. Муаллим Шукуров соли 1991 навишта буданд, ки истилоҳро бо ду калима намесозанд, “Қонуни асосӣ” барои ифодаи Конститутсия истилоҳ нест, зеро ду калима аст ва дар Эрон истифода шудани он ҳам иштибоҳ аст. Он кас пешниҳод карданд, ки мо Конститутсияро “дастур” қабул кунем. Дар идомаи ин мубоҳиса муаллим Шарофиддин Рустамов калимаи “Сарқонун”-ро пешниҳод карданд. Ин беҳтарин ва зеботарин истилоҳ буд, зеро мо садҳо калимаро бо сар месозем: сардафтар, сарнавишт, сарвар… лекин ба сабаби барои ман равшан ва барои дигарон нофаҳмо муаллим Шукуров ба ин калима зид баромаданд ва гуфтанд, ки беҳтар аст Конститутсияро Қонуни асосӣ гуем.
-Сабаби аз фикрашон гаштани устод Шакурӣ дар чӣ буд?
-Ба фикри ман сабаб дар он аст, ки ин истилоҳ аввал ба хотири муаллим Шукуров нарасид, балки Рустамов онро пешниҳод карданд. Агар аввал Шукуров ин калимаро пешниҳод мекарданд, ба ҳар роҳу васила онро исбот мекарданд ва он мегузашт. Дар масъалаи “додгоҳ” ва “додситонӣ” бошад, ман шахсан тарафдор ҳастам, зеро “дод” калимаи тоҷикӣ аст ва бо ин калима ифода кардан истилоҳоти ҳуқуқӣ беҳтар мебошад. Мехоҳам як чизро хотирнишон созам. Патриатизмаро бо роҳазанӣ не, балки қунунӣ ба роҳ мондан лозим. Зеро имрӯз дар матбуоти мо истилоҳоти ҳуқуқиро монда жуналистони мо калимаҳои ба худашон маъқулро истифода мебаранд. Масалан, раисиҷумҳур, нахуствазир, додгоҳ, додситон… менависанд, ҳол он ки мо ингуна вазифаҳо надорем. Агар мо фикр кунем, ки ин калимаҳо дуруст ва қобили қабуланд, бояд пешниҳод кунем.
-Дар қонуни нави забон, ки 5 октябри соли 2009 ба тасвиб расид, вожаи “форсӣ” ҳазф шуд…
-Бубинед, забони тоҷикӣ яке аз гӯйишҳои эрони қадим аст. Забони эронии қадим ду гӯйиш дорад – форсӣ ва тоҷикӣ. Забони моро забони эрони шарқӣ мегӯянд. Маликушшуаро Баҳор менависад, ки гӯйиши забони эронии шарқӣ, ки дар заминаи забони суғдӣ пайдо шудааст, назар ба гӯйши забони эронии ғарбӣ, ки дар заминаи паҳлавӣ ба вуҷуд омадаст, ба асли мо наздиктар аст. Моем меросбарандагони форсии шарқӣ. Ба мо форсиро оварданд. То Фирдавсӣ ягон адиби мо худро ё забони моро форсӣ нагуфтааст. Сомониён забони дарборашонро дарӣ мегуфтанд. Форсӣ бо “Аҷам зинда кардам ба д-ин форсӣ” омад. Дар Осиёи Миёна ба ғайр аз тоҷик халқҳои зиёди турк зиндагӣ мекарданд, ки имрӯз 4 ном доранд, ӯзбек қирғиз, қазоқ ва туркман. Ҳамаи ҳамин қабилаҳо монанди мо аз забони мо истифода мекарданд. Агар гӯем, ки забон форсӣ аст, чунин маъно дорад, ки ин забон ба воситаи арабҳо омадааст ва забони халқи маҳаллӣ нест ба ҳадде, ки ба туркмен бегона аст ба мо ҳам бегона мебошад. Агар гӯем, ки забони суғдӣ бо таъсири арабҳо номи форсӣ гирифт, ин дуруст аст. Ин нукта бисёр муҳим аст.
Чаро “турк” ба ӯзбекҳо, қирғизу қазоқ, турк ва татар тааллуқ дорад, аммо онҳо даъво намекунад, қонеъ ҳастанд, ки бо номи худашон зиндагӣ мекунанд, аммо мо ҳамеша даъво мекунем. Чаро туркҳо ифтихор мекунанд, аммо мо ба шубҳа менигарем. Ман ба эрониҳо як сари мӯ ғараз надорам, аммо онҳо мо нестанд, амакбачаи мо ҳастанд. Номи халқ ба сифати номи забон омаданаш ин ифтихори халқ аст, ихтиёри худро ба забони дигар додани халқ нотавонии ӯ мебошад. Истиқлолияти асосии мо ҳам аз халқу забонро ба дараҷаи Конститутсия баровардан шуруъ мешавад.
-Ташаккур устод, барои суҳбати самимӣ.
Мусоҳиб
Одил Нозир,
“Тоҷикистон”
Поделиться новостью с друзьями:
Нахзатовцы – часть ИГИЛ?!
Как известно, с 16 по 26 сентября в Варшаве проходил ежегодный форум по человеческим измерениям и правам человека.
В тот же день форума так называемые представители таджикской оппозиции (на самом деле никакая она не оппозиция) гордились своим присутствием на форуме. Поскольку я с самого начала знал об этих демагогах, продающих себя и не верящих в Бога, я сразу смекнул, что такая их грубая манера вызвана всего лишь желанием успокоить свои сердца, наполненные ненавистью и злобой. С другой стороны, они должны отчитаться перед своими хозяевами за каждый израсходованный ими цент и евро, расчистить себе дорогу для последующей деятельности по получению грантов.
Из интервью политолога, советника Директора Центра стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан Абдулло Рахнамо с корреспондентом газеты «Тоджикистон» (№41 от 9 октября 2019 года), который входил в состав государственной делегации на форуме, я полностью уверился в том, что та группа оппозиции, «ищущая возможности переговоров», это всего лишь группа заблудших и отделившихся людей, которая раскаялась в содеянном и ищет пути переговоров.
Абдулло Рахнамо в ходе интервью объективно раскрыл их внутренность и сущность, пришёл к заключению: «Оппозиция не поддерживает переговоры. Да, это кучка невежд, удручённых и услужливых людей, которые хранят в своих сердцах только бранные слова. Разве можно садиться за стол переговоров с таким контингентом? Никогда! Несмотря на то, что они считают себя знатоками мира ислама, на самом деле их грубое поведение и отношение к окружающим, свидетельствует о том, что они всего лишь игрушка в чужих руках.
Эта коварная и хитрая кучка наверное забыла о том, что когда-то их соратники, используя чужое оружие уничтожили тысячи домов таджиков, молодых людей, сделали беженцами сотни тысяч наших соотечественников. Если бы Глава государства не призвал к миру и стабильности, эти боевики сегодня воевали бы в составе ИГИЛ и «талибан». Руководители нахзата по рекомендации своих хозяев намеревались злоупотребить присутствием беженцев в Афганистане, однако коллективное возвращение таджикских беженцев, которое было реализовано по инициативе Лидера нации, нанесла урон коварным замыслам воинствующей оппозиции.
Один из членов оппозиции Шохнаими Карим (Кузов) в беседе с один из бывших нахзатовцев, вернувшихся на Родину, отметил: «У нас твёрдые намерения и в случае необходимости мы можем заставить правительство Таджикистана сесть за стол переговоров». Из этих слов кровожадного нахзатовца становится ясно, что эта кучка всё ещё жаждет крови и намеревается утопить Таджикистан в крови. Но они не знают одного: при такой кровожадности они утопятся в собственной крови, поскольку тот, кто роет яму другому, неизбежно однажды в неё и угодит. Это не предвидение, а плоды горького опыта, ибо желающий зла другому никогда не достигнет цели.
Вероятно, Шохнаим и другие руководители нахзата и их последователи, которые составляют 10-12 человек, опираются на диверсионные группы, воюющие в Афганистане – на талибов и так называемое Исламское государство?! И здесь нет места сомнениям, поскольку эта кучка, объявившая себя оппозицией и прячущаяся под подолом своих восточных и западных хозяев, является частью Исламского государства и талибов. В целом, любая организация и радикальное исламское движение, которое существует в мире, в любом случае поддерживает ИГИЛ.
Несколько лет назад я поехал в Пакистан для участия в работе конференции на тему международного терроризма. По окончании конференции один пакистанский аналитик (по его просьбе я не называю его имени), который был хорошо знаком с политической ситуацией в Таджикистане и деятельностью партии исламского возрождения, в приватной беседе рассказал мне интересный факт: по его мнению, план создания Исламского государства был разработан ещё несколько лет назад в Пакистане по предложению и рекомендации Усамы бен Ладена. По плану резиденция этой террористической организации должна была находится не в Сирии, а в таджикском и афганском Бадахшане, а Афганистан, Пакистан и китайские уйгуры должны были поддерживать создателей Исламского государства. когда в Таджикистане началась гражданская война, большинство знает, что в Вахше боевики Гульбеддина Хекматиара, наёмников Джумы Намангони и Тахира Юлдашева (граждане Узбекистана) были командирами оппозиции, которые убивали всех подряд. В то время руководителями таджикских и афганских нахзатовцев, представителями Усамы бен Ладена даже разрабатывался план размещения таджикских беженцев на территории Афганистана и использования их в качестве живого щита. Последующие события протекали согласно разработанному планы нахзатовцев и их хозяев: населения Вахша переплыли реку Пяндж и избрали территорию Афганистана своим убежищем. Бывшие беженцы рассказывали, что руководителей и активистов партии исламского возрождения Таджикистан встречали представители Аль-Кайды с флагом террористической организации. Позднее начались тренировки и военные занятия диверсионных боевиков партии исламского возрождения Таджикистана в учебных лагерях Пакистана.
В завершение беседы пакистанский аналитик отметил, что благодаря инициативам Главы таджикского государства было подписано Соглашение о мире и национальном согласии, которое подорвало основы коварных замыслов ПИВ и её хозяев.
Разумеется, можно согласиться со словами пакистанского аналитика, поскольку хотя, с одной стороны оппозиция представляет себя мировому сообществу в качестве миротворца, но с другой стороны, от своих хозяев, намеревающихся создать Исламское государство, получали задание, денежные средства и имели цель создать на территории Таджикистана и Афганистана устойчивую базу Исламского государства. Действительно, неблагодарные оппозиционеры в период установления мира и согласия надели на себя маску благочестия, хотя по их словам и поведению было ясно, что они не собираются благодетельствовать народу и стране.
По прошествии времени мы своими глазами увидели, какие интриги могут плести нахзатовцы во главе с алчным и хитрым Кабири. Говорят, больше всего кичатся собой воры и падшие женщины. Кабири и кучка его последователей превратили социальные сети, особенно Фейсбук и свои грязные сайты в трибуну интриг, утешающих их сердца, с утра до вечера воют словно бешены псы и голодные волки. Да, их вой исходит из страха за свою шкуру, и только!
В завершение я вновь возвращаюсь к словам пакистанского аналитика: нахзатовцы - это часть крыла ИГИЛ. Если это так, то можно согласиться с предложением Абдулло Рахнамо о создании платформы для борьбы с явлениями экстремизма. Уверен, что совместный голос каждого патриота, пекущегося о Родине, сведёт на нет грязные намерения врагов.
Зубайри Бахтовар,
аналитик