Терроризм-падидаи харобиовар
«Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Лозим ба қайд аст, ки кишварамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои асосии ҷонибдори мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад ва дар баромади хеш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков аз ин иқдоми Тоҷикистон рафти иштирок дар Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки санаи 17-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид қайд кард.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Истиқлол
Санаи 31 майи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истиқлол чорабинии идона бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли муассисаҳои таълимии шаҳр, кӯдакистонҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинон иштирок намуданд.
Чорабиниро Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Истиқлол Шарифзода А. ифтитоҳ бахшида, табрикоти Раиси шаҳр Худойназар Амонзодаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба самъи ҳозирин ироа намуд.
Вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилотҳои буҷетӣ
“Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ,
худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ раҳнамоӣ намоем.
Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати мо дар дасти онҳост.”
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Санаи 24 майи солори ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол аз тарафи намояндагони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо кормандони корхонаву роҳбарони ташкилотҳои буҷетии шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода, намояндагони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Назриён В. ва Қодирҷонзода А. иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қаблан раиси шаҳр Худойназар Амонзода меҳмононро муаррифӣ намуда, зикр намуд, ки ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳои машваратӣ муфид буда, чорабинии мазкур низ дар ростои чӣ гуна ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба роҳ монда шудааст.