Парвози ҳавопаймоҳо байни Эрону Тоҷикистон барқарор шуд.
Парвози нахустини ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе, парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эронро баъди “танаффус”-и ҳаштмоҳа барқарор кард.
Ҳавопаймои “Боинг 737 500”-и ин ширкат рӯзи 6-уми июн тақрибан 90 мусофирро аз Эрон ба Тоҷикистон овард ва даҳҳо мусофири дигарро аз Душанбе ба Машҳад бурд.
Дар миёни мусофироне, ки ба Эрон сафар карданд, аъзои тими мунтахаби футболи хурди Тоҷикистон ҳам буданд. Ин тим барои ширкат дар қаҳрамонии футзали Осиё ба шаҳри Табрези Эрон рафт.
Намояндагони ширкат мусофирони нахустин парвози худро аз Машҳад ба Душанбе ва ҳамин тавр аз Душанбе ба Машҳад бо гулу ширинӣ гусел кардаанд.
Абдуризо Муҳаммадӣ, намояндаи ширкати "Вориш Эйрлайнз" дар Тоҷикистон гуфт, нахустин парвози ҳавопаймои онҳо аз ҳар ду самт ғайриинтизор бо шумораи зиёди мусофирон анҷом шуд. “Интизор доштем, ки 40-50 нафар ҷамъ мешавад. Вале тақрибан 80 дарсади ҷойи нишаст пур шуд. Хеле истиқболи хуб аст. Ба ин тартиб ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе як парвоз мешавад”, -- шарҳ дод ӯ.
Мусофироне, ки бо ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе расиданд, аз барқарор шудани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ибрози хушҳолӣ карданд.
Имрӯз-Рӯзи байналмилалии забони русӣ. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ин забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад
Аз соли 2011 инҷониб дар бештари мамлакатҳои дунё 6 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.Иран пообещал Таджикистану не поддерживать признанные террористическими организации
Мақолаҳои боқимонда...
- Суботу оромӣ ва андешаҳои иғвогарона
- НАЦИИ БРОШЕН ВЫЗОВ: ДИПЛОМАТИЯ «АЛЬ-КАИДЫ» – Бен Ладен хотел видеть Иран в качестве союзника, говорится в разведывательных данных США
- БА МИЛЛАТ ҲУШДОР ДОДА ШУД: ДИПЛОМАТИЯИ «АЛ-ҚОИДА» – Бин Лоден мехост Эронро ба ҳайси иттифоқчӣ бинад, омадааст дар маълумоти иктишофии ИМА