Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Устод Садриддин Айнист. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, то бахшида ба 141-солагии сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ куллиёти нави устод Айниро бо такмил ба нашр расонад.
Ахбороти Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол
Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол оиди натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2019 ҷиҳати пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо, ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда, маблағгузории саривақтии хароҷотҳои аввалиндараҷа, назорати истифодаи мақсадноку босамари маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, якчанд чораҳои заруриро андешида истодааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида ба ҳолати 1 апрели соли 2019 нақшаи аниқшудаи даромади буҷети умумии шаҳр (контингент) (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,2 фоиз иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 3277,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 131,2 ҳазор сомонӣ зиёд, буҷети маҳалли бошад 105,9 % иҷро гардида ба буҷет ба маблағи 2561,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 143,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр иҷрои нақшаи воридот бо таври умум иҷро гардида бошад ҳам аз ҳисоби 10 сарчашмаи нақшавии даромади буҷет 9 намуди даромад иҷро гардида 1 намуди андоз яъне андози даромад аз шахсони воқеъи, иҷро нагардид, ки дар марҳилаи ҳисоботи ба буҷет умумӣ ба маблағи 314,1 ҳазор сомонӣ аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 160,4 ҳазор сомонӣ ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ 153,7 сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Дар марҳилаи ҳисоботи бақияпулиҳои қарзи андозу пардохтҳо 23374 сомони камкарда шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2019 ба андозаи 99,5% фоиз ё ба маблағи 3323,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи аниқшуда 17,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурусти ва фарҳанг ва варзиш буда ба соҳаҳои мазкур ба ҳолати 1 апрели соли 2019 ба маблағи 2489,9 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 74,9 фоизи хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи ҳисоботи хароҷот барои музди меҳнати ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ 99,8 фоиз 1988,6 ҳазор сомонӣ, ҳиссаҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 99,6 фоиз 499,0 ҳазор сомонӣ, пардохти хаққи хизматрасонии комуналӣ 96,1 фоиз 65,3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 3,5 ҳазор сомонӣ ҷамъ хароҷоти моддаҳои ҳимояшаванда 76,9 фоиз 2556,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи барои руйпуш намудани моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷети вилояти ба маблағи 842,4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида пурра мақсаднок барои моддаҳои ҳимояшаванда хароҷот карда шудааст.
Аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба фонди стабилизатсиони 28,8 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони иншооти муҳими давалатӣ 5,7 ҳазор сомонӣ ҳисоб гардида пурра гузаронида шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсати молия дар шаҳри Истиқлол дар маҷлисгоҳи Раёсат бо сармуҳосибони ташкилот ва муассисаҳои буҷетии шаҳр оиди амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ ҷиҳати марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатгузории электронии пардохтҳо семинар машваратҳо гузаронида шуда. аз рӯи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва суратҳисоби махсус аз рӯи ҳар як ташкилоту муассисаи буҷетӣ дар алоҳидагӣ ба барномаи нави электронии «SGB-net» ворид гардида, амалиёт тавассути барномаи зикршуда ба роҳ монда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида, ба барномаи электронии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «SGB-net» пайваст мебошанд.
Нурулло Агзамов,
Сармутахассиси бахши
банақшагирии буҷети давлатӣ