Наврӯз
Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи сохтаву бофта, дурӯғу буҳтон ва қалбакӣ орӣ асту ҳазар дорад.
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ
Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.
Наврӯз таҷассумгари арзишҳои баланди инсонист
Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд. Аз тарафи дигар Наврӯз замоне фаро мерасад, ки эътидоли шабу рӯз баробар мешавад ва табиату инсону коинот ба ҳолати баробарӣ дар меояд. Ҷашни Наврӯз ба ҳеҷ як дину мазҳаб иртиботе надорад, зеро ҷашнҳои динию мазҳабӣ аз назари арзишшиносӣ фарогири арзишҳои маҳдуданд, ки аз бовару эътиқод сарчашма гирифта ё ифодагари кадом як ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз бошад ба ҳеҷ арзиши маҳдуд ва эътиқодот ҳамбастагӣ надорад. Зеро асосҳои онро дарку шинохти дурусти инсон аз табиату коинот ташкил медиҳад. Аз лиҳози пайдоиш Наврӯз ҷашнест, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ба тамаддуни кишоварзӣ хос аст. Яъне ин маънии он дорад, ки мардумони ориёитабор, ки бароварда кардани ниёзҳои худро бо роҳи кишоварзӣ қаблтар аз мардумони дигар шуруъ намуда буданд, барои онҳо шинохти вақт ниҳоят муҳим будааст, зеро Наврӯз замоне фаро мерасад, ки дигар сармои зимистон пушти сар гардида таҳаввули ҳамаи олами зинда ба вуҷуд меояд. Яъне ин замонест, ки кишоварз ба марҳилаи кишт кардан ва олами наботот ба марҳилаи рустан мерасад.