РАВОБИТИ АДАБИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК РЕШАҲОИ АМИҚИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ ДОРАНД
Имрӯзҳо таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муноси- бати сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои олам рушд ёфта истодаааст ва мисоли равшани он миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳувайдост.
Робитаи адабии миллатҳои тоҷику ӯзбек низ решаҳои қадимӣ доранд. Аз асри 15 сар карда адабиёти ин ду миллат ба якдигар таъсири хуб расонидааст ва то ҳатто шуарову аҳли адаб бо забони якдигар эҷод мекарданд, зеро мавзеи иқомати ин ду миллат ва расму оинҳо дар ҳамзистӣ буд. Ва осори аҳли адаб бо забонҳои якдигар тарҷума мешуд ё навишта мешуд.
ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА: Кормандони прокуратура дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши босазо доранд
Ман аз номи худ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи касбии кормандони прокуратураро, ки ҳамасола 14-уми март дар қаламрави кишвар таҷлил мегардад ба масъулини ин сохтор дар шаҳр табрик менамоям. Лозим ба қайд аст, ки прокуратура ҳамчун мақоми ягонаи марказонидашуда, махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар ва ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии шаҳрвандон чораҳои муассир андешидааст ва кормандони ин сохтор ҳамеша содиқона ба ватани хеш хидмат намудаанд.
САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.