Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол
Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Хитой ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой" ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони шаҳри Истиқлолро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат, ки дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, табрику муборакбод гуфтанд.
Ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.
Дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
НОМАИ КУШОД
Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки ӯ бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ» ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад. Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон мо - як гурӯҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, асли ин шахсро барояшон тавзеҳ диҳем.
Баъди иншои нома гурӯҳи мазкур банда - Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба Ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва ман рӯзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017 озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда, соати 14.00 ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба Ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохӯриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурӯҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба Ҷаноби сафир номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият онро бояд шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»...