РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ
Дар қисми ҳарбии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бахшида ба Рӯзи Истиқлолият чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ширкат варзида, афсарону сарбозонро ба ин Иди бузург табрик гуфтанд.Сипас меҳмонон аз вазъи хизмат дар ин қисми низомӣ дидан намуданд. Ҳамзамон дастурхони идона ва барномаи консертӣ ташкил гардид.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЯКУМИ ШАҲР
Санаи 6 уми сентябр тибқи нақша дар маҳаллаи 1 уми шаҳри Истиқлол бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ манзури сокинон гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанг барои фароғати бошандагони маҳалла барномаи консертӣ доир карда, аз ҷониби ҳозиршудагон, хусусан кӯдакону наврасон бо кафкӯбиҳо ва рақсу табрикотҳо пазироӣ гардид.
ДИДОРБИНИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ
Дирӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ва Раиси шаҳр ба дидорбинии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, бо онҳо аз наздик сӯҳбат карданд.
Қайд шуд, ки таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорон ва дастгирии иҷтимоии онон нигаронида шудааст.